Нашрияи Омӯзгор

Иди фархундаи омўзгорон

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон якшанбеи аввали моҳи октябрро ҳамчун Рўзи омўзгорон эълон намудааст, ки он дар фазои озоду сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамасола қайд карда мешавад.

Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии миллии кишвар, бо вуҷуди нобасомониҳои солҳои аввали он ва мушкилиҳои мавҷуда ба соҳаи маориф, махсусан, ба маорифчиёни кишвар сол аз сол таваҷҷуҳи бештар ва ғамхориҳои хоса зоҳир гардидааст. Аз ҷониби Сарвари давлат соҳаи маориф «...омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат» ва «…наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир» эътироф шуда, рушду инкишофи соҳаи мазкур ҳамчун ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон  эълон шуд.  

Ҳанўз 10 сол қабл бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, № 14/44 “Тавсиянома доир ба мақоми омўзгор дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд. Санади мазкур низоми ягонаи талабот ва меъёрҳои одоби касби омўзгориро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот муайян карда, муносибати байни омўзгорону таълимгирандагон, ҳамчунин, дигар субъектҳои раванди таълиму тарбияро мушаххас намуда, арзишҳои инсонӣ ва шаъну шарафи касбии омўзгоронро ҳифз мекунад. Ҳадаф аз қабули чунин санади танзимкунандаи фаъолияти омўзгорӣ ин пеш аз ҳама, эҳсоси дарки масъулиятшиносӣ, салоҳиятнокӣ, риояи бечунучарои меъёрҳои касбӣ, обрўву эътибор ва шаъну шуҳрати омўзгорон аст. 

Боиси тазаккур аст, ки тавсияномаи мақоми омўзгор ҳамчун ҳуҷҷати танзимкунандаи низоми ягонаи талабот ва меъёрҳои одоби касбии омўзгоронро муайянкунанда, ҳамчун боби алоҳида (Боби 5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия. Мақоми омўзгор) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ворид карда шуд.

 Мақсади асосии татбиқи меъёрҳои Мақоми омўзгор баланд бардоштани фарҳангу маърифати кормандони соҳаи маориф, обрўю эътибори омўзгорони ҳамаи зинаҳои таълимӣ мебошад. Мақоми омўзгор дар асоси меъёрҳои ахлоқии умумиинсонӣ, фарҳанги ниёгон, анъанаҳои демократии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, муқаррароти конститутсионӣ, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи кўдак муқаррар карда шуда, асосҳои  меъёрии онро меъёрҳои бунёдии башардўстӣ, инсонгароӣ, касбият, адолатпарварӣ, масъулият, сабурӣ, озодфикрӣ, таҳаммулпазирӣ, шарикӣ ва ҳамрайъӣ (ҳамфикрӣ) ташкил медиҳад.

Тавсияномаи Мақоми омўзгор омўзгорро уҳдадор менамояд, ки вазифаи худро бо меҳру муҳаббат ва масъулияти баланд иҷро намуда, дар фаъолияти касбии худ принсипҳои ахлоқу одоби умумиинсонӣ ва касбиро риоя  намояд ва нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои хеш содиқ бошад.

Мусаллам аст, ки рушду ояндаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба кадрҳои соҳибмаърифату донишманд вобастагии амиқ дорад ва дар амалӣ намудани ин ҳадафи нек, пеш аз ҳама, нақши омўзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузург аст.

Дар ин давра борҳо ба андозаи муайян зиёд шудани маоши вазифавии омўзгорон ва таваҷҷуҳи хоса ба зисту зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ, далели боэътимоди ғамхории рўзафзуни ҳукумати ҷумҳурӣ ба омўзгорон аст. Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба раванди таълиму тарбия ва дастгириву ҳавасмандии онҳо, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон» ва аз 2 июли соли 2015, №433 «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба омўзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд», як қатор имтиёзҳо амалӣ карда шуд. 

Аз ҷумла, аз 1 июли соли 2007 омўзгорони ҷавон метавонанд мувофиқи зарурат барои бунёди хонаи истиқоматӣ бенавбат бо қитъаи замин таъмин карда шуда, дар ноҳияҳои кўҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо барои боғдорӣ ва полезкорӣ бо қитъаи замин таъмин карда шаванд. Барои харидани чорвои калони шохдор ва ё ташкили 20 оилаи занбўри асал аз қарзҳои имтиёзнок истифода баранд.  Илова ба ин аз 1 сентябри соли 2015 ба маоши вазифавии омўзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, ба 1 воҳиди сарборӣ дар давоми 3 соли аввали корӣ ба андозаи 10%  иловапулӣ муқаррар гардидааст.

Моддаи 53 (Имтиёзҳои омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои омўзгорон имтиёзҳоеро пешбинӣ намудааст. Муҳлати даъвати омўзгорон ба хизмати ҳарбиро ба таъхир гузошта, ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат баромаданро кафолат медиҳад. Барои дастовардҳо дар фаъолияти омўзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ, ҳамчунин, барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шуда, бо роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ таъмин карда мешаванд.

Дар ин росто, ба маврид мебуд, агар дар мавриди имтиёзҳои дигари пешбинишудаи ҳамин модда, аз қабили ҳангоми беморӣ омўзгорон бо табобати ройгон таъмин карда шуда, аз хизматрасониҳои коммуналӣ ройгон ва ё  имтиёзнок истифода кардан, чораҳои амалӣ андешида мешуд. 

Омўзгорони имрўза бо нақшаву барномаҳои таълимии ҷавобгўи стандартҳои давлатӣ, китобҳои дарсӣ, муосиртарин воситаҳои таълимӣ ва шабакаҳои замонавии иҷтимоӣ дастрасӣ доранд ва дар раванди таълим аз он самаранок истифода мебаранд. Ин омил мусоидат ва далолат бар он менамояд, ки сатҳу сифати таҳсилот баланд бардошта шуда, таълимгирандагон ба навовариву ихтироъкорӣ, омўзиши илмҳои дақиқ ва забономўзӣ бештар ҳидоят карда шаванд ва насли имрўзи ояндаи миллатро дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия ва ба камол расонанд.

 

Раҷабалӣ САНГОВ,

Аълочии маориф ва 

илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш