Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи шаҳрвандии хонандагон ва таҳқиқи он

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Масъалаи тарбияи шаҳрвандии хонандагон дар илми педагогикаи муосири тоҷик  нав аст, гарчанде ки аксар  ҷузъҳои ин тарбия дар илми педагогикаи ниёгон инъикос ёфтаанд. Тарбияи шаҳрвандӣ дар баробари ба истиқлолият соҳиб шудани Тоҷикистон, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия ва Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» аҳамияти  муҳим пайдо намуд. Бунёди давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баланд бардоштани шуур ва фарҳанги насли наврасро талаб менамояд. 

Дар  назария ва амалияи педагогикаи муосир ба тарзи  нав кўшиши шарҳ додани муносибатҳои умумӣ оид ба таълими инсонгароёна ва тарбияи шаҳрвандӣ мавҷуд аст, аммо консепсияи он такмил наёфта буд.  

    Дар  илми педагогӣ ба  инсонгароёна гардонидани таълим  аз охири солҳои 80-уми асри гузашта  эътибори махсус дода мешавад ва тавассути  коркарди мушаххаси технологияи таълиму тарбия, рушди шахсият ба роҳ монда мешавад.

Андешаҳои педагогию ахлоқӣ ва инсондўстӣ дар асарҳои Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Амир  Хусрави Деҳлавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Соиб, Ҷомӣ, Бедил, Иқбол ва боз даҳҳо нобиғаи бузурги форс-тоҷик ба мушоҳида мерасад. Тавассути андешаҳои баланди ахлоқии ин бузургон тўли садсолаҳо   омўзгорон насли наврасро тарбия намуда, ба камол расонидаанд.

Вале дар педагогикаи ниёгон  бевосита  дар  бораи тарбияи шаҳрвандӣ сухану андешаҳои баланд ниҳоят бисёранд.  Онҳо бештар дар бораи худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, меҳнатдўстӣ, фурўтанӣ, адолатпешагӣ, ахлоқи ҳамида, раҳму шафқат ба дармондагон ва мўйсафедон, ятимон ва  бесарпарастон ва дигар арзишҳои инсонӣ сухан гуфтаанд.

Педагогикаи ниёгон   бештар  педагогикаи  гуманистӣ мебошад, зеро дар маркази он инсон ва арзишҳои маънавӣ-ахлокии он қарор мегиранд. 

Дар замони Шўравӣ тарбияи коммунистӣ ҳукмрон буд, ки тарбияи миллиро маҳдуд намуда, арзишҳои хусусияти миллидоштаро ҳамчун хурофот рад мекард ва чанд насли мардум тоҷик то як дараҷа аз худшиносии миллӣ ва ифтихор маҳрум гардиданд. Вале маълум аст, ки агар педагогика ҳамчун воситаи тавонои тарбияи шаҳрвандӣ бошад, бояд аз низоъ ва бадбиниҳои  миллӣ орӣ бошад.

Яке аз қадамҳои нахустин дар ташаккули тарбияи миллӣ   рафти тайёрӣ ба таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён (солҳои 1998-1999) ба ҳисоб меравад. Ин тадбир ҳамчун падидаи тарбиявӣ ба миён омада, барои кулли аъзои ҷомеа пешниҳод гардид, ки оғози бедоршавии андешаи миллӣ мебошад.

Дар тўли ҳамагӣ чанд соли охир ба тарбияи худшиносии миллӣ, андешаи миллӣ ва тарбияи башардўстии хонандагон мафҳуми нав «тарбияи шаҳрвандӣ» ҳамроҳ шуд, ки он ҳамаи намудҳои тарбияи хонаводагӣ ва ҷамъиятии насли наврасро муттаҳид сохт.

Дар марҳалаи феълӣ, таблиғоти андешаи тарбияи шаҳрвандии хонандагон дар байни кормандони соҳаи маориф, муассисаҳои педагогӣ ва бозомўзии кормандони маорифи Тоҷикистон ҳамчун як навъ «маҳви бесаводӣ»-ро аз сар мегузаронад. Омўзгорони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони сохторҳои гуногуни соҳаи маориф принсип, тартиб, мазмуну мундариҷа ва усулҳои тарбияи шаҳрвандиро омўхта, дар як вақт онҳоро дар фаъолияти амалии худ татбиқ намуда истодаанд. 

Гулноз МАҲКАМОВА,

ходими илмии Осорхонаи маорифи Академияи

таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш