Ғамхорӣ ба Ватан, эҳтироми баланд доштан ба халқи худ, ҳамкорӣ ва ҳамраъйии ҳамагон дар мубориза барои мақсади умумӣ, дўстӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар муносибатҳо бо халқҳои дигар дар таҷрибаи тарбияи ватанпарварӣ ва башардўстӣ мавқеи барҷаста ва манфиатбор дорад.
Вазифаи мактаб аст, ки таълим, ҳаёти аҳлона рафтори ватандўстона ва башарпарваронаи талабагонро чунон ташкил кунад, ки дар онҳо эътиқод ва ҳиссиёти баркамоли ватандўстию башарпарварӣ ташаккул ёбанд. Дар ҳама намудҳои фаъолият – таълим, меҳнат, кори ҷамъиятӣ, варзиш, сайёҳӣ, бозиҳо вазифаҳоро иҷро кардан мумкин аст. Дар ташкил кардани ҳар як фаъолият ягонагии шууру ҳиссиёт ва рафтори ватандўстонаи мактабиёнро ба даст дароварда, омилҳои рафтори мақбулу ҳамидаро ташаккул додан асоси маслаки ғоявии шахсият мебошад. Дар фаъолияти таълимӣ шуур, ақидаҳо, эътиқодҳои баланди ватандўстӣ ташаккул меёбанд. Дар фаъолияти фоиданоки ҷамъиятии гуногунсоҳа дар доираи рафтори ватандўстона таҷрибаҳо ҷамъ мешаванд, фаъолии ҷамъиятӣ ташаккул меёбад, доираи амалиёт вусъат меёбад.
Вазифаи асосии тарбияи ватандўстии талабагон ташаккул додани ҳиссиёте мебошад, ки ин эҳсосҳо кўшишҳои накукории наслҳои наврасро баҳри Ватан ба ҷўш меоранд.
Ватандўстию башарпарварӣ дар маҷмўи ҳиссиёти муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ, шуҳратмандӣ, вазифашиносӣ, бошарафӣ, дўстӣ, ҳамрайънӣ, эҳтиром ифода меёбанд.
Дар баробари ин, мактаб ғамхорӣ мекунад, ки дар талабагон ҳиссиёти манфии ба одами фаъолу бошараф бегона: ҳавобаландӣ, мағрурӣ, кибр, дилсахтӣ, эгоизм, хушомадгўӣ пайдо нашаванд.
Ҳиссиёти ватандўстӣ ва башарпарварӣ дар раванди таълим ва кору амалиёти мактаббачагон, ки аҳамияти ҷамъиятӣ доранд, тарбия карда мешаванд.
Дар ин самт адабиёти бадеӣ мавқеи муҳим дорад. Масалан, танҳо як байти зерини Ҳабиб Юсуфӣ метавонад ба ҳисси ватандўстии хонандагон таъсири амиқ гузорад:
Зи ишқи Ватан ҷўш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гўш дорад дилам!
Вазифаи муҳими тарбияи ватандўстӣ ва башарпарварӣ дар шароити ҳозираи муборизаи идеологӣ аз тарбияи худшиносии мактаббачагон иборат мебошад.
Дар ҷаҳони имрўза неруҳои ифротгаро фаъол шудаанд ва мекўшанд, ки доираи амали худро ҳар чи бештар васеъ намоянд. Онҳо, махсусан, ба ҷавонон мунтазам рўй меоранд ва онҳоро бо ҳар роҳ ба сафҳои худ кашидан мехоҳанд.
Тарбияи ғоявию сиёсиро дар амал ҷорӣ намуда, мактаб талабагонро бо донишҳои сиёсии ба вазъияти замони ҳозира мувофиқ мусаллаҳ менамояд ва дар онҳо қобилияти рафтори ношоистаи ифроткоронро фаҳмида тавонистан, ба ғояҳои истиқлол эътиқоди қатъӣ доштанро ба вуҷуд меорад.
Парваридани ҷавонони ватандўст таъмини ояндаи шарафбори Ватан аст ва дар ин кор омўзгорон масъулияти баланд доранд.
Гулрухон Хуррамшоева,
омўзгори забони русии мактаби №37-и ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр