Нашрияи Омӯзгор

Гуфтушунид ногузир аст

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Дар шароити муосир пешрафти ҳар давлат аз суботи сиёсӣ ва ҳамчунин, аз фазои орому амни минтақа ва ҷаҳон вобастагии назаррас дорад, зеро бидуни ваҳдату ягонагӣ амалӣ сохтани ҳаргуна барномаву стратегияҳои рушд ғайриимкон аст. Мутаассифона, ҳоло набудани ваҳдату ҳамдигарфаҳмии дохилӣ ва надоштани пешвои сиёсӣ дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон боиси он гардид, ки давлат ба мушкилоти нави дохилӣ рў ба рў гардад. Моҳи охир, баъди берун шудани неруҳои ҳарбии ИМА ҳаракати “Толибон” ҳукуматро аз нав ба даст гирифтанд, ки ин ҳодисаи ғайричашмдошт ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард. Зеро онҳо бо роҳи раъйи мардум ва бо ризоияти аксарият ба сари қудрат нарасиданд ва илова бар ин, авзои ҷомеаро ба нооромӣ расониданд. Панҷшер, ки сокинони он тоҷикон мебошанд, ҳоло вазъи ноором дошта, ҳаракати “Толибон”талош доранд, ин минтақаро зери тасарруфи худ дароранд. Аммо, ба мо маълум аст, ки бо ин роҳ бунёди ҳукумати мардумӣ ва таъмини суботу ягонагии давлат номумкин аст. Аз ин рў, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин суханронии хеш бо роҳи ғайринизомӣ таъмин намудани сулҳу ягонагии ин кишварро тақозо доштанд.

Воқеан, вазъияти ногувори кишвари Афғонистон ва таъсири он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хатари бузург эҷод менамояд. Бояд гуфт, ки гурўҳи “Толибон”, ки аз ҷониби аксарияти давлатҳо ҳамчун як гурўҳи террористӣ эълон шудааст, баъди соҳиб шудан ба Ҳукумати Афғонистон авзои сиёсиро ба нооромӣ кашиданд.

Пойдор гардидани сулҳ дар кишвари Афғонистон барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, ба Тоҷикистон таъсири назаррас дорад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон пайваста кўшиш менамояд, ки дар ин кишвари ҳамсоя оромиву субот пойдор гардад.

Барои ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бисёр муассир бошад. Роҳбари давлат дар ҷаласаи якҷояи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар пойтахти кишварамон баргузор гардид, дар робита ба ҳалли қазияи Афғонистон таклиф намуданд, ки ҳарчи зудтар задухўрди мусаллаҳона қатъ карда шуда, байни ҷонибҳо муколама сурат гирад. Ҳамчунин, ба мардуми он, ки ҳоло дар шароити вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қарор доранд, кумакҳои башардўстона равон карда шавад.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намудааст, ки бо роҳи зўриву фишор дар дарозмуддат ҳукуматҳо саодати мардум ва пойдории хешро таъмин карда наметавонанд. Бинобар ин, эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бо назардошти манфиатҳои тамоми сокинон таъсис додани ҳукумати қонунӣ суботу оромӣ, ягонагӣ ва рушди кишварро таъмин намуда, ягонагии давлатро ҳифз менамояд.

Ҳоло таклифи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қатъ намудани задухўрди мусаллаҳона дар Афғонистон, ташкили гуфтушунид байни тоҷикон ва “Толибон” ва дар таъсиси ҳукумати нав ба эътибор гирифтани манфиатҳои тоҷикон ва дигар халқиятҳо ба манфиати ин кишвар ва тамоми минтақа мебошад. 

Шуҳрат Саидзода,

устоди ДДҲБСТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш