Нашрияи Омӯзгор

Иштироки 275 нафар дар озмун

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

22-23-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори қироати Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурўғи маърифат» баргузор гардид.

Озмун тибқи талаботи низомнома баргузор шуда, 47 нафар довталаб ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд, ки аз ин шумора 35 нафар хонанда, 7 нафар донишҷўй, боқӣ ходимони илмианд.

Дар озмун толибилмони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ бештар комёб гаштанд.

Хонандагон Дилноза Гулҷонова дар номинатсияи география ва химия ҷойи аввал, Нурбахш Иномшоҳ дар номинатсияи физика ҷойи дуюм, Рамил Чўпонов, Лоиқ Шоҳмуридов ва Кибриё Мирзоҳаётова дар номинатсияҳои информатика, математика ва инноватсия ва навоварӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

 Ҷ.Қозибеков,

 «Омўзгор».


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш