Дар асоси Низомномаи озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар литсейи тамоюли технологии шаҳри Бохтар озмуни стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 барои хонандагони муассисаҳои таълимии маркази вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Дар озмуни мазкур муовини Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Амирзода Аловуддин, мушовирони шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар С.Ҳафизов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар Рухшонаи Шералӣ, намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Шамъигул Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар зикр кард, ки хонандагону донишҷўёни муассисаҳои дар боло зикршуда, ки дорои рафтори намунавӣ, хониши аъло буда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, довталабони асосии стипендияҳои Президентӣ шуда метавонанд. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ҳар сол таъйин карда мешавад. Дар асоси Низомнома, стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 240 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 60 хонандаву донишҷўи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар кишвар муқаррар гардидааст.
Иштироккунандагон изҳор доштанд, ки озмун шаффоф ва мувофиқи талаботи низомнома баргузор гардида, доираи муайяни толибилмон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар пешниҳод гардиданд.
Озмуни номбурда дар ноҳияи Дўстӣ бо иштироки 60 нафар хонандаи лаёқатманди муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Комиссияи ноҳиявӣ донишу маҳорат, малака ва фаҳмиши толибилмонро дар асоси талаботи озмун санҷида, раванди онро назорат карданд.
- Ба довталабон саволномаҳои тестӣ, пешниҳод гардида, инчунин, бо санҷиши имло аз забони тоҷикӣ, диктант аз забони русӣ ва англисӣ, саволу ҷавоби шифоҳӣ аз ҷониби аъзои комиссия ғолибони озмун муайян карда шуданд, - гуфт Шаҳноза Маҳмасаидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дўстӣ. - Комиссияи мазкур бо санҷиши донишу малакаи хонандагон аз ноҳияи Дўстӣ 38 нафарро барои пешбарӣ намудан ба дорандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.
С.АЗИЗӢ,
“Омўзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр