22 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғчаи «Ахтарак» дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ гардид.
Иншооти таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кўдак мебошад.
Ин аввалин боғчаи типи нав дар ноҳияи Рашт мебошад ва дар он дар баробари забони тоҷикӣ барои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураббиёнро барои дар рўҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани наврасон вазифадор намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар ҳамин ҷо барои то 200 нафар навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан имкон фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон, барои дар шароити муосир ба таълим фаро гирифтани наврасони ҳамин даргоҳ бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии типи нав барои 300 хонанда ба нақша гирифта шудааст.
President.tj
Иловакунӣ
Иловакунии фикр