Боиси ифтихору шарафмандист, ки вожаи омўзгорро аҳли ҷомеа, хурду калон бо меҳру эътиқод ва самимияти бепоён ба забон меоранд. Зиндагӣ ва фаъолияти ҳамагон пайванди қавӣ бо омўзгор дорад, зеро маҳз ў моро илму дониш, хираду ҳунар омўхта, ба ҷодаҳои ҳаёт барои амалиёти мустақилонаю босамар ҳидоят кардааст. Дар тамоми барору комёбиҳои мо ҳиссаи шоистаи омўзгор ҳаст. Кулли хирадмандону қаламкашон ва ашхоси машҳуру варзида бо як ҷаҳон сипосу эҳтиром ёд аз омўзгор кардаву аз самими дил ситоишаш бинмудаанд. Донишманди маъруфи Чин, ки солиёни зиёдест дар саросари олам андарзҳои пурбори ўро мехонанду меомўзанд, эътиқоду бовари худро нисбат ба омўзгор ба ин гуна иброз доштааст: «Оне, ки ба оянда аз даричаи дирўзу имрўз менигарад, омўзгори ҳақиқист». Воқеан, омўзгор ояндасози миллат ба шарофати шогирдони соҳибхираду тозакору боистеъдодаш мебошад. Конфутсий муҳимтарин фазилати ҳар омўзгори варзидаро ёдовар шудааст. Дар олами адаб ба василаи суханони пурмуҳтавою хирадбунёд ва осори барҷастааш нависандаи бузурги рус Л.Н.Толстой ҷойгоҳи хос ва ҷовидонӣ пайдо кардааст. Суханони ин адиби номвару нотакрор саршор аз бори маъниянд ва ба ҳар як хонанда таъсиргузор мешаванд. Толстой ҳамеша дар заминаи мушоҳидаю афкори бавусъату фарогир воқеъбинона арзи матлаб кардаву гуфторашро бо услуби вежа таъсирбахшу зеҳннишин бинмудааст. Ў хусусиёти умдатарини омўзгорони воқеиро чунин ифода кардааст: «Ҳар омўзгоре, ки касбашро дўст медорад, омўзгори хуб аст. Ҳар омўзгоре, ки шогирдонашро дўст медорад, низ омўзгори бад нест. Вале омўзгори ҳақиқӣ онест, ки ин ду навъи дўстдориро ба ҳам тавъам кардааст».
Ин қазовати нависандаи шуҳратёр, дар ҳақиқат, бунёди устувор дорад, воқеъбинона аст. Ҷои баҳс нест, ки омўзгори ҳақиқӣ бояд ҳам пешаи пуршарафашро дўст дорад ва ҳам шогирдони азизашро.
Маълум, ки ҳар пеша махсусиятҳо, омилу шартҳои худро дорад ва аз ин ҷиҳат пешаи омўзгорӣ низ истисно нест. Омўзгори фаъол ва фидокори ҷодаи худ бояд хушрафтору хушгуфтор, фазилатоин ва ҷўёву кўшо бошад ва аз ин лиҳоз, манбаи ибратпазирии ҳама гардад. Бо ин ҳама, ба таъкиди адиби дигари рус, нависандаи шуҳратёр М.Горкий, барҷастатарину муҳимтарин хислати омўзгорон омўзиши ҳамешагӣ аст. Ба ин маънӣ қаламкаши бузург менависад: «Омўзгори бовиҷдон бояд тамоми умр хонанда бошад, тамоми умр биомўзад». Омўзиш сарчашмаи рушди маънавии ҳар шахс мебошад ва аз ин рў, он набояд мавсимӣ бошаду фақат давраи муайянеро дар бар бигирад. Дар тақвияти ин гуфтаҳо як мақоли русӣ ба хотир мерасад: «Умре бизӣ, умре биомўз». Воқеан, чунин ба назар меояд, ки ҳикмати мазкур дар адабиёти тоҷикон куҳантаърихтар аст ва он чунин садо медиҳад: «Зи гаҳвора то гўр дониш биҷўй». Донишмади маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ А.Дистерверг оид ба омўзгор ва хусусиёти пешаи самарбори ў ба гунаи зайл андешаронӣ кардааст: «Муҳимтарин падида дар ҳар мактаб, муҳимтарин дороии таълимгоҳ, муҳимтарин дастури ибрат барои хонанда, пеш аз ҳама, омўзгор аст. Ҷараёни таълим аз ҷониби омўзгор дар як вақт тарбия низ мебошад».
Рассом ва мутафаккири ҷаҳоншумул Леонардо да Винчи тамаддуну пешрафтро дар он мебинад, ки шогирд дар асоси омўзиши амиқ аз устод аз ў чанд қадам пеш гузорад, дар акси ҳол, аз рушду такомули ҷомеа наметавон сухан ба миён овард: «Дареғи шогирде, ки аз устоди хеш қадаме ба пеш намегузорад».
Ҳамин гуна, ситоишномаи омўзгор басо фарогиру пурмуҳтавост, он поён надорад. Ҳамаи ситоишномаҳо талқин менамоянд, ки омўзгорро самимона дўст бояд дошту эҳтиром бояд кард.
Парвина ҚУРБОНОВА,
омўзгори забони англисии
мактаби №60-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр