Нашрияи Омӯзгор

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

22 сентябр дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондўстию ятимпарварӣ чун анъанаи наку бо як гурўҳ ятимони ноҳияҳои минтақаи Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.

Мулоқоти Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази муосир ва навбунёди тиҷоратию хизматрасонии “Мираюб”, ки аз ҷониби сокини ватандўсти ноҳияи Рашт Мираюб Шокиров бунёд шудааст, баргузор гашт.

Ин навбат 60 нафар кўдаки ятим аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод ба суҳбату дидори падари ғамхорашон мушарраф гардидаву аз дасти Сарвари хирадпеша ва раъйиятпарвар туҳфаҳо иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кумаки молиявӣ гирифтанд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни вохўрӣ, кўдакони хуштолеи даврони соҳибистиқлолиро, ки бо амри тақдир аз меҳру навозиши падару модар маҳрум гаштаву зери ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд, бо ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, хониши хубу аъло ва саодати зиндагиро орзу карданд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии иҷтимоии Ҳукумати мамлакат суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки тарбияи инсони комил ва аз ҳар ҷиҳат обутобёфта, бахусус, кўдаконе, ки аз падару модар ятим мондаанд, аз ҳадафҳои неки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳамаи ятимони ҷумҳурӣ ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дошта, ҳанўз аз овони хурдӣ то ба камол расондани онҳо, аз тарафи Сарвари давлат тамоми тадбирҳои нек андешида мешавад.

Баъд аз суханронӣ ва тақдими туҳфаҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сари дастархони пурнозу неъмат, ки ба хотири кўдакони даврони соҳибистиқлолӣ ороста шуда буд, бо онҳо суҳбати самимӣ доир карданд.

Ятимон аз ғамхории ҳамешагии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарбия, соҳибмаълумоту соҳибкасб карданашон изҳори сипос намуданд.

 

27 сентябр дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондўстию ятимпарварӣ чун анъанаи наку бо як гурўҳ ятимони кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.

Мулоқоти Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи “Ориёно” - и ноҳияи Дарвоз баргузор гардид.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кўдаконро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда, таҳти дастгириву таваҷҷўҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Шодии кўдакону наврасонро дар ин рўз ҳадду канор набуд, зеро ин навбат 100 нафар кўдаки ятим ва маъюб аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, бевосита аз дасти Пешвои муаззами миллат туҳфаҳо иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кўмаки молиявӣ гирифтанд ва суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Бо дарназардошти он ки рушду пешрафти Ватани азиз бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор ва донишманд вобаста аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўдаконро ба омўзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар ва азхуд кардани техникаву технологияи навин ҳидоят намуданд. Дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ дар маҷмўъ, 300 нафар ятими кул, нимятим ва маъюбони то 18-сола ба қайд гирифта шудааст, ки зери ғамхориҳои бевоситаи Сарвари дурандешу ятимпарвари мамлакат қарор доранд.

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш