Нашрияи Омӯзгор

Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ дар ноҳияи Балҷувон

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

 

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд.

Осорхона аз се ошёна иборат буда, дорои тамоми шароит барои маҳфуз доштани нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад ва ҳар як ошёна давраҳои таърихии ба худ хосро инъикос менамояд.

Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ ва таърихӣ бунёд ёфта, дар он тасвирҳо аз гузаштаи таърихии сокинони ноҳия ҷойгир карда шудаанд, ки аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон ҷиҳати дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик тарбия намудани насли наврасу ҷавон мусоидат мекунад. Зеро дар ин ҷо аз давлатдорӣ, муборизаву ҷоннисоркуниҳои фарзандони барўманди миллат, аз ҷумла, Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Абумуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Восеъ ва садҳо нафари дигар маълумоти зиёд маҳфуз мебошад.

Бинои наву замонавӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30–солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сохта шудааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш