Нашрияи Омӯзгор

Таълимгоҳи нав дар ноҳияи Темурмалик

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик, дар Шаҳраки Баҳманрўд бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро мавриди истифода қарор доданд.

Таълимгоҳ тибқи нақша, дар масоҳати 2500 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 29 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, утоқҳои фаннӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, омодагии дифои ҳарбӣ иборат мебошад ва барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо дарназардошти стандартҳои ҷаҳони муосир бунёд шуда, ҳамчунин аз толори варзишӣ бо 100 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои 150 ҷой, ошхона барои 48 нафар, китобхона бо толори хониш, синфхонаи инкишофи кўдак барои омода намудани кўдакон ба мактаб, утоқи махсус барои омўзиши бозии шоҳмот бо тахтаи электронӣ ва компютери намуди моноблок иборат мебошад.

Ҳамзамон, муассисаи таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҷараёни корҳои сомонёфта ва суҳбат бо омўзгорон, таъкид намуданд, ки бо фароҳам гардидани шароити муосири таълим, маорифчиёни ноҳияро зарур аст, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва афзудани дастовардҳои соҳа саъйю талоши бештар намоянд ва дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми муносиб гузоранд.

Дар муассиса ҳамчунин ҷиҳати татбиқи “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” шароити мусоиди илмомўзӣ, аз ҷумла, утоқҳои фанни химия, биология, физика ва озмоишгоҳ фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо бо техникаю технологияи насли нав муҷаҳҳаз шудааст.

Бо фароҳам шудани шароити хуби таълимӣ маорифчиёни ноҳияи Темурмалик ба Сарвару роҳнамои маорифпарвари худ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми малакаю дониши худро ба харҷ дода, дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи ватандўстӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш