Нашрияи Омӯзгор

1,5 миллиард пиёлаи қаҳва

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Биёед ба таърихи пайдоиши қаҳва назар мекунем. Худи калимаи қаҳва аз калимаи арабӣ ба вуҷуд омадааст. Яъне «қоҳва»-ин нӯшокиест, ки аз ҳосили тухми  қаҳва тайёр мешавад. Калимаи «қаҳва» аз феъли калимаи арабии «қоҳия» гирифта шуда,  маънояш бастани иштиҳо мебошад. Арабҳо инро дониста, баъд аз нисфирӯзӣ қаҳва менӯшанд.

Калимаи «қаҳва» аз давлати Ямани нимҷазираи Арабистон сар зада, то Империяи Усмонии Туркҳо паҳн гардидааст. Арабҳо аввалин мардуме буданд, ки қаҳваро истеъмол мекарданд. Туркҳои Усмонӣ дар истифода ва истеъмоли қаҳва тағйироти куллӣ ба вуҷуд оварданд, ки ин ба арабҳо хеле хуш омад.

Оид ба кашфиёти қаҳва чунин ривоятҳо вуҷуд доранд. Шахсе бо номи Шайх Умар нохост растаниеро вомехӯрад, ки гулҳояш хеле хӯшбуй ва мевааш аҷоиб буд. Шайх меваи онро ҷамъоварӣ намуда, ба доруҳои худ илова намуд. Бемороне, ки Шайх Умар табобат менамуд, ҳис намуданд, ки баъди истеъмоли ин намуд доруворӣ бадани онҳо пурқувват шуда, дарди сарашон рафъ ва хӯрок дар меъдаи онҳо зуд ҳал мешавад. Ҳамин тавр, доруи нав пайдо шуд. Ба тоҷирон, ки Шайх Умар табобат мекард, ин доруворӣ чунон маъқул шуд, ки тарзи тайёр намудани онро аз ӯ харидорӣ намуданд.

Ривояти дигар чунин  аст: чӯпоне бо номи Калдим пай мебарад, ки бузҳое, ки баргҳои растании қаҳваро мехӯранд, хеле серҳаракат ва бозингар мешаванд. Чӯпон низ аз ин баргҳои растанӣ истеъмол намуд ва ҳис кард, ки пурқувват шудаасту хоҳиши хеле зиёд кор кардан дорад. Ӯ тез-тез аз ин растанӣ истеъмол мекардагӣ шуд. Чӯпон ин сирро ба рӯҳониён кушода дод. Рӯҳониёни ондавра бошанд, дар ҷӯстуҷӯи маводе буданд, ки барои шаббедорӣ зарур буд, то ки ибодати худро шабҳо давом диҳанд. Рӯҳониён ба тайёр намудани нӯшоба аз баргҳои қаҳва шурӯъ намуданд. Баъдтар аз меваи қаҳва нӯшоба тайёр карданд. Бо чунин кашфиёт қаҳва маъмул гашт.

Таърихи дигари пайдоиши қаҳва ба шаҳри Моккои Ямани  Арабистон вобастагӣ  дорад, зеро аввалин плантатсияҳои кишти  қаҳва дар он ҷой пайдо шудаанд. Савдои қаҳва бо номи «Мокко» оғоз ёфт ва дар ҳама ҷойҳо харидорӣ мешуд. Баробари пайдо шудани аввалин қаҳвахонаҳо дар Арабистон кулли арабҳо ба ин қаҳвахонаҳо ҷалб шуда, ба ин нӯшоба дил доданд. Ин ба Султон Маҳмуди чорум хуш наомад ва нӯшидани қаҳваро ғайриқонунӣ эълон намуд. Нафареро, ки бо нӯшидани қаҳва дастгир мекарданд, дар халтаи махсус андохта, даҳонашро дӯхта ба баҳр меандохтанд. Қаҳваро дар аввалҳои асри 17 ба Аврупо оварданд. Дар асри 18 бошад, қаҳва ба Амрикои Марказию Ҷанубӣ рафта расид. Пайдоиши қаҳва дар Россия ба шоҳ Пётри  1 вобастагӣ дорад. Ӯ зуд-зуд ба Амстердам мерафт ва қаҳваро аз он ҷо ба давлати худ ворид менамояд. Лекин аксари мардуми Россия ба қаҳва эътимод надоштанд. Танҳо соли 1812 афсарони рус ба Аврупо рафта, ба ин нӯшокӣ эътимод пайдо намуданд. 

Соли 1819 олими фаронсавӣ Ромге аз дохили қаҳва кофеинро пайдо намуд, ки то имрӯз дар тиб истифода мешавад.  Соли 1906 химики англис Вашингтон қаҳвае тайёр намуд, ки дар дохили об бе ягон монеа  ҳал мешуд. Аввалин қаҳваи ҳалшаванда бо ҳамин роҳ пайдо шудааст.

Имрӯзҳо қаҳва ба ҳамагон дастрас аст. Ин маъмултарин нӯшокӣ баъди об мебошад. Ҳар рӯз дар ҷаҳон дар як рӯз 1,5 миллиард пиёлаи қаҳва нӯшида мешавад. Аз ҷиҳати содирот қаҳва баъди нафт дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм меистад.

Гулсифат ХОЛОВА,

омӯзгори химия ва биологияи 

мактаби №69-и ноҳияи

Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш