Нашрияи Омӯзгор

Омўзгорон машъалафрўзони ҷомеаанд

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 838        Шарҳ: 0

 

 

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рўзи омўзгорон

Устодон ва омўзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаҳои маориф ва илм!

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рўзи омўзгорон таҷлил мегардад.

Дар кишвари маҳбуби мо, ки маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад, омўзгор мақому манзалати воло ва ифтихорӣ дорад. Бояд гуфт, ки мардуми мо табиатан ба омўзгор арҷгузоранд, ўро самимона эҳтиром мекунанд, зеро омўзгор равшангари дилҳо, машъалафрўз ва парчамбардори илму дониш ва маърифат эътироф шудааст. Аз ин рў, дар диёри мо Рўзи омўзгорон сол то сол ба таври густурда таҷлил мешавад, оммавияти бештар пайдо мекунад ва шукўҳу шаҳоматаш меафзояд. Аслан, мардуми тоҷик аз қадим нисбат ба омўзгор таваҷҷуҳи хоса доштанд ва байти машҳури Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ далел ба ҳамин маънист:

Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,

Шавад тира аз бехирад рўзгор.

Имсол Рўзи омўзгорон дар ҳолате таҷлил мешавад, ки ҳамаи мо зери таассуроти ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз қарор дорем. Бояд таъкид кард, ки омўзгорони мо дар густаришу устуворгардии истиқлол ва сулҳу осоиштагӣ, тақвияти ҳамдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ ҳиссагузор буда, нақши пурифтихор доранд. Ҳамчунин, бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кору фаъолияти омўзгорон марҳилаи нав ворид гашт, омўзгорон машғулиятҳои худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд, ки ба ин васила, дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад. Маҳз иҷрои вазифаҳои бузург мақому манзалати омўзгоронро дар ҷомеаи мо болотар намуда, талошҳои онҳо дар назди давлат эътибори бештар пайдо кард. Қабули қонунҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсилот барои ҳама гуна зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, зина ба зина баланд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии онҳо дар робита бо ҳамкориҳои солими падару модарон ва ҷомеа, қадршиносии онҳо ба ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки ба дастгирии омўзгорон ва беҳтар шудани фаъолияти онҳо нигаронида шудааст.

Мо ифтихорманд аз онем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаи омўзгориро «муқаддастарин касби рўи олам» медонанд ва рушду шукуфоии имрўзу фардои кишварро аз фаъолияти пурмаҳсули омўзгорон арзёбӣ мекунанд. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф рўзафзуну фарогир мебошад. Мулоқот ва суханронии  Сарвари кишвар бо аҳли маориф дар Рўзи дониш ба омўзгорону хонандагон ва донишҷўён илҳоми тоза бахшида, барномаи фаъолияти ҳар кадоми онҳоро дар соли нави таҳсил муайян сохт. Президенти мамлакат зимни вохўрии мазкур чунин иброз доштанд: «Дар ҷаҳони муосир бе дастрасӣ ба илму инноватсияи муосир, техникаву технологияҳои пешрафта ва ташаккули ҷаҳонбинии илмиву техникӣ таъмин кардани пешрафти кишвар умуман имкон надорад».

Омўзгорони муҳтарам!

Тавре аз суханронии Пешвои муаззами миллат бармеояд, замони муосир дар назди ҳар кадоми мо – аҳли маориф, талаботи навро мегузорад, аз ин рў, моро зарур аст, ки ҳамқадами он бошем ва дар вусъати ислоҳоти соҳа, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, пешниҳоди дастурҳои методӣ ва тайёр кардани шогирдони мусаллаҳ бо донишҳои техникиву технологӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот масъулияти бештар дошта бошем. Ҳамчунин, дар инкишофу таҳким бахшидани илмҳои бунёдӣ дар заминаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм» саҳми босазо гузорем.

Бо ин ниятҳои нек шумо – устодон ва омўзгорони гиромиро, ки бо заковату фаросати баланд дар назди ҷомеа маҳбубияти хоса доред, ба муносибати иди касбиатон – Рўзи омўзгорон, самимона муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рўзгори ободу дастовардҳои эҷодӣ таманно дорам.

Ид муборак, устодону омўзгорони азиз!


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш