Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
05.10.2021
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегўям.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла, дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд.
Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.
Аз 5 октябри соли 2009, яъне бо қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушду такомул ворид шуд. Зеро қонуни мазкур бо дарназардошти ниёзҳои рўзафзуни ҷомеаи мо дар асри XXI, инчунин, ба хотири арҷгузориву посдории боз ҳам бештари забони тоҷикӣ таҳияву тасдиқ гардида, то имрўз дар пешбурди сиёсати давлати навини тоҷикон нақши муҳим бозида истодааст.
Ҳукумати Тоҷикистон, дар баробари ин, пайваста тадбирҳои иловагиеро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.
Аз ҷумла, 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад. Барномаи мазкур маҷмўи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян карда, мо соҳибзабононро вазифадор менамояд, ки содиқона ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ аз пайи иҷрои масъалаҳои дар он пешбинишуда бошем. Дар робита ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад. Забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва оинаи ибратбахши рўзгори мо, тоҷикон, аст.
Аз ин рў, мо забони модарии худро дўст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад.
Донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрўз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлати худ, яъне тоҷикӣ, донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.
Дар робита ба ин, ман борҳо таъкид кардаам, ки забономўзӣ бояд дар доира ва заминаи забони тоҷикӣ, яъне бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи хусусиятҳои он ҷараён гирад.
Ман қариб дар ҳамаи суханрониву вохўриҳои худ таъкид месозам, ки бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад.
Бинобар ин, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад. Яъне забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад.
Аз ин рў, вазифаи муқаддаси мо – насли имрўза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кўшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем.
Бори дигар Рўзи забони давлатиро ба тамоми ҳамватанони гиромӣ самимона табрик гуфта, итминони комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандўсти Тоҷикистони азиз тамоми саъю талоши худро барои минбаъд низ рушду инкишоф ёфтани забони давлатӣ равона хоҳад кард.
Рўзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Иловакунӣ
Иловакунии фикр