Чанд рўз пеш бародари бисёр азизу гиромиқадр, қобилу оқилу фозил ва заҳматкашам Абдуғаффорро аз даст додам. Бародареро, ки 48 соли ҳаёти хешро сарфи пешаи биёр мушкил, аммо пуршарафи омўзгорӣ карда буд. Бародареро, ки шарафу нангу номус, одаму одамгариро барои худ дар ҷойи аввал мегузошт. Бародареро, ки то кунун симояш пеши дидагонам ҷилвагар асту ҳарфаш дар гўшам садо медиҳад.
Китоби хотиротамро аз ибтидо то интиҳо варақгардон мекунам. Мо, шаш бародар, дар оилаи деҳқони камбағали қишлоқаки кўҳии Хўҷабулоқи шаҳри Ваҳдат пайи ҳам ба дунё омадаем.
Волидонамон чи коре ки мефармуданд, дар вақташ иҷро мекардем. Аз ҳама қобилу чобуки мо бародарамон Абдуғаффор - фарзанди чоруми хона буд. Модарамон ўро бисёр таъриф мекарданд…
Ҳамаи мо дар мактаб хубу аъло мехондем. Абдуғаффор орзуи муаллим шуданро мекард. Ҳамин буд, ки пас аз хатми мактаби №21-и шаҳри Ваҳдат соли 1970 ба факултети забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ пойтахт рафт, имтиҳонҳоро супорид, вале аз мандат гашт. Бо маслиҳату дастгирии тағоям дар мактаби рақами 7-и шаҳри Норак китобдор шуд. Пас аз як соли китобдорӣ ўро ба хизмати аскарӣ даъват намуданд. Хизмати Модар-Ватанро дар шаҳри Гамбурги Республикаи Демократии Германия (як қисми Олмони имрўза) сарбаландона адо намуд. Пас аз адои хизмат боз ба Донишгоҳи омўзгорӣ рафт. Ба факултети география дохил шуд. Дар донишгоҳ ғоибона таҳсилашро давом дода, дар мактаби №25-и деҳаи Исроилободи чамоати Карим Исмоил (оилаи мо соли 1971 ба ин деҳа кўчида буд) муаллимиро оғоз намуд. Пас аз 5-6 соли муаллимӣ донишу малакаашро ба инобат гирифта, ўро мудири қисми таълим таъйин намуданд. Солҳои зиёд ин вазифаро хуб иҷро намуд. Соли 1993 сарварии ин таълимгоҳро ба уҳдааш гузоштанд. Зиёда аз 23 сол директор буд.
Мо хуб медонем, ки он солҳо чӣ гуна даврае буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, қатлу ғорату бесарусомонӣ. Ҳар лаҳзаву ҳар соат хатар дунболгирамон буд. Ҳимояву кафолати бехатарии омўзгорону шогирдон, ҳама дар гардани сарвари мактаб буд. Муаллимон аз ноилоҷӣ тарки мактаб менамуданд. Аз баъзе мактабҳо дару тирезаҳоро канда мебурданд. Ана, дар ҳамин ҳолу ҳамин шароит бародари мо садоқатмандона кор кард. Нагузошт, ки як кўдак аз мактаб берун монад ё озор бинад, омўзгоре тарки мактаб кунад ва ҳатто як шишаи тирезаи мактаб беҷо шавад. Албатта, ин осон набуд.
Абдуғаффор боз корҳои бештару беҳтареро ба нақша гирифта илоҷе пайдо намуд, то бинои мактаб, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, пурра таъмир шавад. Соли 2006 лоиҳаи барқароркунӣ тартиб дода, онро ба Маркази идоракунии лоиҳаи Вазорати маориф ва илм пешниҳод кард, ки дастгирӣ ёфту бинои асосии мактаб дар ҳаҷми 101 ҳазор сомонӣ таъмир шуд. Соли 2007 лоиҳаи дуюмро ба маркази мазкур пешниҳод намуд. Ин лоиҳа низ дастгирӣ ёфт ва иншооти ёрирасони мактаб пурра азнавсозӣ шуданд. Дар баробари ин, мактаб бо омўзгорони соҳибихтисос таъмин гардид.
Бародарам баъди ба нафақа баромаданаш низ аз мактаб дур намонд. Маслиҳатгару мададрасони омўзгорон буд. Дар тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ медод. 7 нафар фарзандро хононд, соҳибмаълумот, соҳибкасб ва соҳиби хонаву дар намуд. Дареғо, ки умр вафо накард.
Дардномаи зер дар сўги бародари гиромиқадрам ифодаи аламҳои наҳуфтаи манаст.
Чӣ дарде, чӣ балое, эй бародар,
Ки омад аз куҷое, эй бародар.
Саратро зери чанги хеш бигрифт,
Надод аз худ раҳоӣ, эй бародар.
Табибонат ҳама бечора монданд,
Ба пеши бедавоӣ, эй бародар.
Туро дар коми марг андохт, эй вой,
Ба сад ҷабру ҷафое, эй бародар.
Дареғо, сад дареғо, хонаи ту
Бишуд мотамсарое, эй бародар.
Туро дар зиндагӣ бо мо набудӣ
Дағову бевафоӣ, эй бародар.
Чӣ чора, марги ноҳангом овард
Миёни мо ҷудоӣ, эй бародар.
Ба паҳлуи падар, модар бирафтӣ,
Дигар з-он ҷо наоӣ, эй бародар.
Даруни сина дил ояд ба фарёд,
Куҷоӣ ту, куҷоӣ, эй бародар.
Шигифто, аз дару бомат аз ин пас
Зи ту н-ояд садое, эй бародар.
Ба мактаб меравам гоҳе, ки он ҷо
Ту будӣ як фидоӣ, эй бародар.
Бубинам ҷойи ту холист аз ту,
Шавам обу адое, эй бародар.
Ту чун астӣ даруни хонаи тор,
Ки будӣ як зиёӣ, эй бародар.
Ба дасти пурдуои худ фиристем,
Бароят рўшноӣ, эй бародар.
Абдусаттори РАҲМОН,
адиб, барандаи Ҷоизаи адабии
ба номи Мирзо Турсунзода
Иловакунӣ
Иловакунии фикр