Нашрияи Омӯзгор

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф оид ба таълифи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои зерин миёни олимон, муҳаққиқон ва омўзгорон озмун эълон мекунад:

1. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 5;

2. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 6;

3. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 7;

4. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 8;

5. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 9;

6. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 10;

7. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 11;

8. Барномаи таълим ва китоби дарсии фанни “Геометрия” барои синфи 7;

9. Барномаи таълим ва китоби дарсии фанни “Геометрия” барои синфи 8;

10. Барномаи таълим ва китоби дарсии  “Геометрия” барои синфи 9;

11. Барномаи таълим ва китоби дарсии  “Геометрия” барои синфи 10;

12. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Геометрия” барои синфи 11;

13. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Санъати тасвирӣ”  барои синфи 5;

14. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Санъати тасвирӣ”  барои синфи 6;

15. Барномаи таълим ва китоби дарсии “Санъати тасвирӣ”  барои синфи 7;

16. Китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфи 11;

17. Китоби дарсии “Суруд ва мусиқӣ” барои синфи 6.

Мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба гузаронидани экспертиза (ташхис ва баҳодиҳӣ)-и китобҳои дарсӣ,  дастурҳои таълимию методӣ ва маводи дигари таълим барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф ҷавобгў бошанд.

Номгўи ҳуҷҷатҳо барои иштирок

дар озмун:

- маълумот дар бораи иштирокчии озмун (насаб, ном ва номи падар (пурра);

- дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошад);

- номи муассисае, ки дар он иштирокчии озмун кору фаъолият менамояд;

- вазифаи ишғолнамуда;

- собиқаи корӣ дар соҳаи маориф;

- дар таҳия ва ё таълифи кадом барномаи таълим ва китобҳои дарсии дар боло номбаршуда иштирок менамояд;

- телефон, е-mail.

Бо нафарони аз озмун гузашта Шартномаи дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Комиссияи тадорукотии озмуни таълифи барнома ва китобҳои дарсӣ дар муҳлати 30 рўзи баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Нишонии Комиссияи тадорукотии озмун: ш. Душанбе, кўчаи Айнӣ, 126. Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Телефонҳо барои тамос:   2 24 85 06, 2 25 85 08. Нишонии электронӣ: рrmatt@mail.ru,  shohin7875@mail.ru.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш