Нашрияи Омӯзгор

Диққат: озмун!

Сана: 2021-10-08        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаномаи «Омўзгор» бо ҳадафи такмили тарбияи ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии насли наврас дар мавзуи «Ҳомии Ватан будан шараф аст» барои беҳтарин мақолаву гузоришҳо озмун эълон менамояд. Нигоштаҳо ба озмун бояд ба умдатарин масоили ватанпарварию ватандорӣ бахшида шуда бошанд, андешаву мулоҳизоти ҷолибро дар бар бигиранд ва барои ба ҳимояи ватан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омода намудани ҷавонон нақши шоиста бигузоранд.

Озмун аз рўзи эълон шуданаш то аввали моҳи феврали соли 2022 идома меёбад ва дар арафаи Рўзи Артиши миллии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун соҳиби  мукофотҳои махсус ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон мегарданд.

Таъкид:

Ҳаҷми  мақолаҳо набояд аз 3-4 саҳифаи чопи компютерӣ (ҳарфи Times New Roman Tj, 14-2 интервалӣ) зиёд бошанд, дар акси ҳол ба озмун роҳ намеёбанд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш