Нашрияи Омӯзгор

Девор

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Ман деворам, ҳамагӣ девори пушти бино. Бинои як дабистон, ки паҳноиям 100-120 метрро ташкил медиҳад. Аз азал бебахту номурод будаам, ки ҳамчун девори паси бино мавқеъ пайдо кардам, вагарна… мешуд, ки пеши биноро зеб медодам. Эҳ, азобам бисёр, сад чандон аст. Ана, як гурўҳ толибилмони ба синну сол хурдтар дар наздам ҷамъ шуда, бо меху шикастапораҳои шишаю оҳан, ту гўйӣ амали муҳим ва калидиеро анҷом медода бошанд, танамро мехарошанду мехарошанд. Оҳ, дард мекашам, фиғонам ба гардуни гардон дакка мехўрад ва аммо садоямро касе намешунавад. Чӣ шуд, ки дарди ҷонситон панҷа бар пайкарам мезанад. Боз чӣ гап, чӣ воқеа? Эҳ, эҳ, ду тан хонанда мехҳоро бар танам мекўбанд. Бо сангҳои баробар бо мушташон мекўбанд мехҳоро, ингуна оҳиста-оҳиста як мех пайкарамро сўрох карда, жарф бар танам медарояду медарояд. Мехи барҷастаи 100 будааст, ки хиштро корагар омаду аз ҷавшани ҷонам гузашт. Аммо ду мехи дигар, ки яке зангзадаи куҳнаи аз замонҳои Нуҳи набӣ бозмонда ва дигаре кучактари миёнаш камон гардида буд, ҳарчанд толибилмон кўбиданду кўбиданд, хиштҳои танамро ба гунаи амиқ кора накард. Дард аъзои баданамро фаро гирифта, то мағзам рафта расид. Охир, ман девори яксолаю дусола не, расо 20-солаам. Бист сол қабл дар ҷойи бинои оғили чорвои колхоз мактаби нав сохтанӣ шуданд. Ман, ростӣ, як девори бе рўҳу ҷон, хушку фалакзадаам дар нигоҳи одамон. Аммо ин тоифа ҳеҷ намедонанду дарк намекунанд, ки аз ҳама воқеоту ҳаводиси дар дабистон рухдода хеле воқифаму бас фиребу домдории роҳбаронашро медонам. Гоҳе ки таҳкурсии бинои нав рехта шуд, муддате дар идомаи сохтмони дабистон фосила пайдо шуду масъулон аз чӣ бошад, таҳаммул пеша карданд. Муҷиб чӣ буд, ки онон чун ҳакимону файласуфони ҳамадон сар ба ҷайби тафаккур кашиданд? Ҳо, ҳо, сукуташон шабеҳи ҳакимону файласуфону ҳамадонҳои замонҳои қадим буд, аммо тафовут дар зоҳирашон ба чашм мерасид. Инҳо ришу фашу дастор не, балки кастуму шими ялаққосӣ, кафшҳои сиёҳи гаронбаҳои ҳамчунон рангашон чашмхиракунанда ва дар гиребон галстук доштанд. Пироҳанашон сафеди дорои тугмаҳои чаҳоркунҷаи барҷаста буд. Кулоҳҳояшон тўр-тўрии лапардор… Баъдтар ба умқи фосила гирифтанашон дар сохтмони бинои навини дабистон сарфаҳм рафтам. Сукуташон ҳазор розу рамз ва маъно доштааст. Яъне, дар сохтмони бино бо хомчўташон агар ҳазору ҳазору анд дона хишти пухтаи навакак аз оташдони зовут кандашуда сарф гардад, метавон он ҳазору ҳазору анд дона хиштро дар ин сохтмон бо таҳияи як санад сарф накард. Мазмун, ба таври расмӣ гўиё ҳазору ҳазору анд дона хиштро харида, дар бунёди бинои дабистон сарф кардаанд. Бале, гўё! Аммо воқеияти талх ин аст, ки ҳазору ҳазору анд дона хиштро нахаридаанду маблағашро… (муҳим маблағ аст охир!) санад карда, ба ҷайб заданд. Чӣ тавр? Эҳ, ин боз як қиссаи тўлонии дигарест, ки «муаллими китобнавис» дар чанд асараш аз доду бедод ва ҳирси нафсу манфиатхоҳии як тоифа масъулони кулоҳбасар, ки бинои оғили фартуту фарсудаву моломоли бўйи тааффунро ба таъбире, «рангу бор карда» ба мактаби якқабатаи замонавӣ табдил доданд, бо дарду ғами бепоён ривоят карда буд. (Дар омади гап, қавму хешу пайвандони як кулоҳбасараш (раиси эшон) муаллимро ба додгоҳ низ кашиданд, аммо дар фарҷом асрору муаммои ҳаромхўрияшон рўйи об баромаду бо чӣ найрангу ҳуққабозӣ ҷонашонро аз чанги мақомот раҳо карданд. Хуб, тавсифи ин моҷароро ба вақти дигар вомегузорему аз воқеияти ҳоли ҳозир рухдода ҳарф дар миён меандозем. Масъулони галстукбагардани шикамдамида меомаданду мерафтанд, меомаданду мерафтанд. Ин ҳама рафту баргаштҳояшон ба он анҷомид, ки гиреҳи сарбастаи мушкилро бо як амри гўё валиёнаи худ дарсоат боз намуданд. Яъне, хиштҳои пухтаи нимасраи деворҳои оғилро, ки (дар боло тавзеҳ додем, ки ба мактаб табдил дода буданд) дар он тобистони гарму тафсон бо як маслиҳату машварати хеш амр ба кандан доданд. Ва мардуми деҳи Моҳикаш дар ҳашари бузурге се рўзу се шаб бинои оғил (мактаб)-ро аз ҳам рехтанду хиштҳои сахту сангини аз давраҳои тиллоии Шўравӣ барҷойро, ки силликаташ ном мебурданд, як-як ҷудо ва дар каноре ҷамъ карданд. Хишти бисёре буд, ки тақрибан ба нисфи девори бинои нави мактаб мерасид. Ана, ҳамин хиштҳоро дар бардоштани девори дабистони нав истифода карданд, ки банду буғумҳои тани бечораи ман ҳам аз ҳамон хиштҳо таркиб ёфтаасту бо гузашти 20 сол (50 сол аз давраи Шўравӣ, 20 сол аз давраи навин, ҷамъ 70 сол!!!) батамом афсурдаву фатарот ва дар ҳоли фурў афтодан аст. Қисса кардем, ки маблағи хиштҳои тоза аз зовуд истеҳсолшударо ҳамон масъулони кулоҳбасари шикамдамидаи галстукҳо ба гардан бе ҳеҷ тарсу ҳарос ва ташвишу андешае ба ҷайб заданду бар ивази он хиштҳо деворҳои дабистонро аз хиштҳои оғил-мактаби қаблӣ бардоштанд. Аввалҳо барои ман, ки девори паси бинои мактаб ҳисоб меёфтам, он қадар вазнин набуд, чун пайкарамро рангу бор карданду ҳусни тозае пайдо намудам ва аз ин хеле-хеле хушҳолу шодон ҳам будам. Атри бўйҳои мутафовит аз пайкарам ба ҳар кўю ҷода паҳн мешуду пареш мехўрд ва одамон гоҳу ногоҳ (чун ба қафои мактаб мутаваҷҷеҳ мешуданд) бо амри тасодуф аз ин раҳгузор мегузаштанд, нигаҳе сўям медўхтанд ва ба рангҳои мулаввани пайкари ман, ки дар зери нурҳои офтоб ҷилою дурахш медод, чира мешуданд ва ба ҳунармандоне, ки бинои дабистонро сохтаанд, каф бар каф зада, аҳсан мехонданд. Аммо… тадриҷан, бо сипарӣ гардидани рўзу ҳафтаю моҳу солҳо маро - девори паси бинои мактабро комилан ба боди фаромўшӣ супурданд ва ингуна нахуст чеҳраамро чангу ғубор пахш кард, болои сарам, зери нигасаҳои боми дабистон мурғону парандагони гуна-гуна лона гузоштанд ва бароҳат ба  болои сару рўям фазлаву шоша карданд. Нафасам гиреҳ задаву танг шуда, эҳсос мекардам, ки вазъам нохушу вахим ва пайкарам доғдору дар чашми одамон зишту номуборак ҷилва менамояд. Чӣ бахтбаргаштаи номуроде будам, ки фоҷеа болои фоҷеа ва фалокат болои фалокат ба сарам омадан гирифт, ки вой аз ин гардиши нобаҳангоми чархи фалак! Ба гунаи возеҳ ба самъатон бирасонам, ки се-чаҳор қадам аз мавқеи ҷойгиршавии ман ҷўйбори пуробе мегузашт, ки ҳаёту ҳавлиҳои мурдуми деҳаро, ки дар он ҳар гуна зироат кишта буданд, шодоб менамуд. Аввалҳо ин мардум бо ҳавсалаю ғайрат ҳар баҳор ҷўйборро бел зада, ба гунаи жарф дохилашро меканданду хокашро лабмарза мегузоштанд, то об аз канораҳои ҷўй берун набарояду беҳуда ба замини мактаб ҷорӣ нашавад. Ва аммо рафта-рафта он саъйю азму иродаашонро чашмзахме расид ва ё коҳилу бепарво шуданд, ки дигар ҷўйбор ба ёдашон нарасид, ки баҳорон ба он бел бизананд. Онон танҳо ба об бастан иктифо мекарданду халос. Бад – ин наҳву шева, ҷўйбор аз лойю ҳар навъ палиштиҳо пур шуда, об аз канораҳои он убур мекарду ҷорӣ гардида, то ба пойи мани бетақдир, девори пушти бино мерасид. Оби ҷамъшуда бар таҳкурсии бино зўр меоварду ингуна бо гузашти солҳо бар пайкари ман нуфуз мекард. Наму рутубат он қадар бар пайкарам тасаллут ёфт, ки андоваи танам сабук – сабук ва нарм -нарм ба рехтан оғозид. Гоҳи даррасидани мавсими хазонрез ва сармои замҳарири зимистон, бо вазидани бодҳои тунду сард оқибатуламр андоваи пайкарам пуррагӣ рехту урён шудам ва дигар устухону банду буғумҳоям – он хиштҳои кунун фарсудаи аз оғил – мактаби пешин канда шуда возеҳу намоён гардиданд.

Ҳамакнун тундбод бар баданам чу наштар мехалид, барфҳои паёпай бар хиштҳо мечаспиданд, сўзиши захмҳои танам пас-он шадидтар мешуд. Ҳангоми аёсҳои шабона танам ях мебаст. Тасаввур мекунед: бист тирамоҳу бист зимистон рўзҳоро бо ин вазъи асафбор ба шом ва шабҳоро ба рўз расонидаам. Тиккаҳои лухти пайкарам шоҳиди рўзгори нобасомони мананд. Шумо шояд бипурсед, ки нафаре аз раҳбарони дабистону деҳа ва ҷамоат ин ҳоли дилрешкунандаи маро боре бо ду чашми сар надидаву пайи таъмирам тадбирсозӣ анҷом надодаанд? На, на, боре чанд мудири дабистон бо муовинаш (шояд бо амри тасодуф бошад ё баҳри шишаҳои тирезаҳои синфхонаҳоро аз наздик санҷидан) дар паси бино пайдо шуданд ва нигоҳашон ба гунаи сатҳӣ ба рўйи мани фалокатзада афтид.

- Эҳа, ин девори пушти бино аз бенигоҳубинӣ фатарот гардидаву қариб аз ҳам рехтааст, - таассуфу дареғ хўрд муовини мудири дабистон ва бо ташвиш афзуд:

- Як бало карда, онро андоваю рангу бор ва ба тартиб овардан даркор. Мабодо чаппа шавад?!

- Э, чӣ зарурат дорад? – даст афшонд мудири мактаб ва миёнашро дошт:

- Пули зиёдатӣ канӣ? Баъд ин ки, ба девори пушти бино чашми кӣ меафтад? Корҳои аз ин заруртар дорем, ки иҷро нашуда мондаанд. (Кадом корҳо буданд он корҳои «зарур», то имрўз нафаҳмидаму дарк накардам ман!)

- Ба ҳар ҳол…

- Натарс, ҳеҷ бало намезанад ин деворро, чаппа намешавад, аз қавле, «сагҷон» аст он.

Бояд тавзеҳ дод, ки ҳар тобистон, бо ба таътил баромадани мактабиён дар саҳни дабистон ҷамъомаде бо ҳузури падару модарони хонандагон ташкил мекарданд роҳбарони мактаб ва бигў-магўю баҳсу фарёдзаниҳои иштирокдорон саранҷом ба тариқи зайл хулоса мешуд: ҳар хонавода маблағ месупораду бинои дабистон таъмир мешавад. Ва мардум маблағ ҷамъ оварда, ба мудири мактаб месупориданд. Ва мудири мактаб он пулҳоро бе ҳеҷ андеша ва тарсу ҳарос ба ҷайб мезад. Танҳо дар арафаи соли таҳсил чанд қуттӣ ранг мехариду девори қисмати пеши дабистонро рангу бор мекарду халос. Расо 20 сол бо ҳамин сабку усул гўё мактабро таъмир мекарданд. Ва аз мардуми деҳ касе ҷасорату иродат намекард, ки садои додхоҳӣ баланд намуда, аз директору муовинаш бипурсад, ки маблағҳои ҷамъшударо куҷо карданд?

Чаро синфхонаҳо, мизу курсиҳо, ҷевонҳо ранг нашуда мемонанд? Чаро саҳни дабистон бо талабу дархости чандсолаи мардум сементпўш намешавад? Чароҳо зиёд, вале бе посух буданд. Шигифтовар он буд, ки тўли 20 сол касе аз ҳоли ман воқиф нагардид, ҳадди ақал пайкарамро рангубор накарданд. Инак аз як тараф, таъсири фалокатбори оби ҷўй, аз тарафи дигар, барфу боронҳои паёпай баданамро харобу абгор намудаанд. Рўзҳои вопасини умри худро аз сар мегузаронам. Бовар намекунед? Оҳ, боз баданам дард кашида, ба сўзиш даромад. Кадом хонанда мехи навбатиро зўран бар пайкарам мекўбад... Миёнаҳои моҳи январ, як субҳи сарди зимистон миёнам аз чанд ҷояш дарз оварда, ногаҳон гурумбасзанон чаппагардон шудам. Дигар ба сарнавишти хеш тан дода, бо ҳасрат ба дохили синфхонаҳо менигаристам, ки дар ҳамин ҳол овози тааҷҷубомези мудири дабистонро шунидам:

- Наход,  девор худ аз худ чаппа шавад-а?

 

Шодӣ РАҶАБЗОД


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш