Нашрияи Омӯзгор

Соҳибэҳтиром

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Саймуддин Қиёмов 50 сол боз ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Вай мактаби №4-и шаҳрро хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ (он вақт Институти педагогии ш.Душанбе) супорид, аммо аз комиссияи мандатӣ нагузашт.

Нокомиҳои аввалин дар ҷодаи илмомўзӣ Саймуддини ҷавонро рўҳафтода накард. Вале ў, ки азми қавӣ ва ба дониши худ боварӣ дошт, дере нагузашта, бо роҳхати кумитаи комсомоли шаҳри Кўлоб дар ҳайати аввалин гурўҳи ҷавонон ба вахтаи комсомолии сохтмони неругоҳи пуриқтидори барқии Норак ба кор омад. Баъдан се соли хизмат дар Артиши собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар ҷумҳурии худмухтори Корелия барои Саймуддини ҷавони ташнаи илму дониш мактаби калони ҳаёт ва забономўзӣ гардида, барои ноил гардидан ба мақсади наҷибе, ки кайҳо дар дил мепарварид, шароит фароҳам овард. Ин буд, ки вай соли 1968 ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ба факултаи забон ва адабиёти рус дохил гардид ва соли 1973 бо ихтисоси муаллими фанни забони русӣ донишгоҳро хатм кард. С. Қиёмов баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат ба ноҳияи Фархор ба кор омад ва фаъолияти педагогии худро ба ҳайси омўзгори фанни забони русӣ дар мактаби миёнаи №58 оғоз намуд. Дар муддати кўтоҳи вақт нозукиҳои касби омўзгориро аз омўзгорони ботаҷриба омўхта, бо зеҳни қавӣ ва дониши мукаммал дар байни хонандагону омўзгорон ва мардуми деҳ шуҳратёр гашт. Соли 1979 ба сабаби бемории падараш маҷбур шуд, ки ноҳияи Фархорро тарк намуда, барои нигоҳубину табобати қиблагоҳаш ба шаҳри Кўлоб ояд. Ҳамон сол дар маҳаллаи навбунёди 9 –уми шаҳр мактаби миёнаи №2 ба истифода дода шуд. С. Қиёмов ба ҳайси омўзгори дифои ҳарбӣ ба кор шурўъ намуд. Қобилияти кордонию роҳбарии ўро ба назар гирифта, муаллимро ба вазифаҳои гуногун пешниҳод намуданд. Дар ин миён ў вазифаҳои раиси иттифоқҳои касабаи маориф, мушовири шуъбаи маориф, нозири дифои ҳарбӣ, мудири шуъбаи мактаб-интернатҳо ва хонаи бачагони Донишгоҳи такмили ихтисоси муаллимон, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳрро иҷро кардааст. Вале ў рўзе ҳам аз мактабу хонандагон ҷудоӣ надошт. Ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёти рус дарс медод.

Соли 2004 ўро ҷонишини директори мактаби навбунёди №41 таъйин мекунанд. Вай ҳар пагоҳӣ аз ҳама пеш ба мактаб омада, бегоҳҳо аз ҳама охир аз мактаб мебарояд. Устод хурсанд аз он аст, ки имрўз кореро ба манфиати ҷамъият ба субут расонидааст. Ҳоло С. Қиёмов дар нафақа бошад ҳам, ҳаёти худро бе мактабу шогирдонаш тасаввур карда наметавонад. Ў омўзгори муассисаи таълимии №51 –и шаҳр мебошад ва ба хонандагон аз фанни забони русӣ дарс мегўяд. Вай дар баробари ба роҳ мондани фаъолияти таълимию тарбиявӣ, инчунин, оид ба масъалаҳои мубрами соҳа, роҳҳои ҳалли мушкилот ва рушди таълим, проблемаҳои мактаб пешниҳодҳои мушаххас ба мақомоти маҳаллӣ намудааст. Ў мураббии ғамхори омўзгорони ҷавони мактаб буда, дар дарсҳои эшон иштирок карда, ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд медиҳад. Фаъолияти пурсамари ўро дар ҷодаи таълиму тарбия ба назар гирифта, соли 1965 бо медали 20-солагии Ғалаба бар фашизми Германия, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 бошад, бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шудааст.

Ҳамсари меҳрубони устод, муаллимаи азизу меҳрубон Матлуба Наврўзова як умр ҳамкасб, ҳамдаму мушфиқ, ғамхору меҳрубон ва ҳамқадами ҳаёти ў мебошад. Устод Саймуддин ва ҳамсараш Матлуба соҳиби 5 нафар фарзанди дилбанд, Шерхон, Алишер, Раъно, Шуҳрат ва Зебо буда, ҳама соҳибмаълумоту соҳибихтисос буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш