Нашрияи Омӯзгор

Тақвияти фаъолияти парки технологии донишгоҳ

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими кушодашавии оғози Давраи рушди дастгирии соҳибкорон ва стартапҳо  якҷо бо ширкати PEM CONSULT дар доираи лоиҳаи GIZ TRIGGER II-“Пешбарии стартапҳо ва соҳибкорӣ” бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Федералии Олмон ва намояндагони ташкилотҳои ҳамкор баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода изҳор намуд, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон имрўзҳо бо 70 муассисаи илмию таълимии давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар ин замина, дар донишгоҳ лоиҳаи GIZ TRIGGER II-“Пешбарии стартапҳо ва соҳибкорӣ” амал намуда истодааст. Фаъолияти Парки технологӣ якҷо бо барнома ва лоиҳаҳо дар бахши ҷавонон, ба тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ватандўст равона гардидааст.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш