Нашрияи Омӯзгор

Мо зинда бар онем, ки ором надорем

Сана: 2021-10-08        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Хабари хуш ҳамеша гуворову рўҳафзост, ба вижа, вақте ки он ба комёбии дўсте, ошное,  инсони шарифе иртибот дорад. Мисраи пуртаманнои «Булбуло, муждаи баҳор биёр» - ро пайвандест қавӣ бо ҳамин мазмун. Имсол, хушбахтона, соли муждаҳо гардида, муждаҳо ҳамбаста ба таҷлили сивумин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон.

Дар радифи иттилооти  нишотбахши дигар барои мо, аҳли қалами ҳафтаномаи «Омўзгор», ба медали «Хизмати шоиста» сазовор гардидани устод Муҳаммадраҳим  Тошпўлодов муждае буд сурурафзо. Ин шахси наҷиб солҳои зиёдест, ки бо мо ҳамкорӣ дорад, пайваста хабару мақолаҳо менависад, китобҳои тозанашрашро ҳамчун дастовез ба мо меорад. Суҳбат бо ў дар идораи  ҳафтанома бароямон писанд аст. Устод Тошпўлодов бо лаҳни шевою самимӣ сухан аз мактабу маориф, илму адаб, устодону донишмандони маъруф мегўяд, қитъа – қитъа саргузаштҳои ҷолибу ҳикматрез нақл мекунад, мулоҳизаҳояш перомуни умдатарин масоили соҳаи маориф басо таваҷҷуҳбарангезу воқеъбинонаанд. Ў барои мо, кормандони ҳафтаномаи «Омўзгор» одами худӣ, дўсти оқилу беғараз аст ва мо таманнои онро дорем, ки сафи чунин дўстону ҳаводорону пайвандони хирадоинамон ҳамвора биафзояд.

Собиқаи тўлонии кор, таҷрибаи ғанӣ ва фаъолияти густурда дорад устод Тошпўлодов. Солҳои зиёде дар вазифаҳои омўзгор, муовини сарвари мактаб,  мудири шуъбаи маориф ва раиси Ҷамоати деҳот (дар ноҳияи Шаҳритус) кор кардаву шарафу  обрў, ҳурмату эҳтиром дарёфтааст ба шарофати хидмати пурсамару судмандаш ба нафъи хурду калони ноҳия, ба шарофати ҷаҳду талоши пайвастааш баҳри ободонию бунёдкориҳо, ба вижа, дар соҳаи маориф, ба шарофати раҳнамоиҳояш ба мардум, сарварияш ба маъракаҳои расмию мардумӣ, ба шарофати накукориҳои падари арҷмандаш – омўзгори шуҳратёри ноҳияву минтақа ва модари биҳиштияш – зани меҳрубону соҳибхирад ва маъракаоро…

Устод М.Тошпўлодов соле чанд дар сарраёсати маорифи  шаҳри Душанбе фаъолияти шоиста дошт ва инак, соли панҷум аст, ки дар литсейи №2 барои хонандагони болаёқат дар пойтахти мамлакат бомуваффақият кор мекунад.

Ҳамбаста  ба фаъолияти омўзгорӣ ба кори эҷодӣ машғул мешавад, хабару мақолаҳо менигорад, дастуру китобҳо таҳия мекунад. Мақолаву китобҳояш ёвару раҳнамои омўзгоронанд дар ҷодаи таълиму тарбияи ҳадафмандонаву босамари насли наврас. Бетафовутӣ, камҳавсалагӣ, таъхиркорӣ, беҳадафӣ ва якрангиро ҳаргиз намеписандад устод ва худ, бо вуҷуди он ки синнаш кайҳо ба нафақа расидааст, як дами осоиш надорад, гўё шоҳбайти «Мавҷем, ки осудагии мо адами мост, Мо зинда бар онем, ки ором надорем»-ро шиори зиндагӣ пазируфтаасту ҳамбаста ба мазмуни баланди он амал менамояд.

Дар бораи рўзгору омоли пурҳаводису рангину ибратбахши устод  Муҳаммадраҳим Тошпўлодов бо номи «Оламе ғунҷида дар одам» китобе ба нашр расидааст, ки достони як фидокору шарафёри соҳаи маорифи кишварро мемонад. Устоди муҳтарамро ба ифтихори мукофотонида шуданаш бо медали «Хизмати шоиста» табрику таҳният мегўем ва таманнои онро дорем, ки ҳамеша чун дар имрўз пурғайрату сиҳатманд бошад ва қадамаш устувору қаламаш пуркор бимонад. Меҳоҳем ин навиштаи мухтасарро иқтибосе чанд аз китоби «Оламе ғунҷида дар одам» мукаммалтар  бисозад.

Гулназар Келдӣ – Шоири халқии Тоҷикистон:

«Вақте ки дар ноҳияи Шаҳритус будему ба чанд мактаб ҳам рафтем, моро як ҷавони чеҳракушоди сухандону суханвар ҳамроҳӣ мекард. Ў мудири шуъбаи маорифи он ноҳия Муҳаммадраҳим Тошпўлодов будааст ва донистем, ки вай ҷавони пурғайрат буда, ҳам бо фаъолияти омўзгорӣ   ва ҳам бо фаъолияти илмиаш (муаллифи чанд мақолаву асари таълимиву дастурист) дар пешрафти соҳаи маорифи ноҳия, минтақа, ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳми арзанда гузоштааст.»

Шоҳзамон Раҳмон – профессор:

«Муҳаммадраҳим Тошпўлодов аз қадамҳои нахустини омўзишу фаъолият завқи баланди эҷодӣ дошт. Вай ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо роҳхат омада, як муддат фаъолият намуд. Вале  баъд аз хизмати ҳарбиро ба анҷом расонидан ба соҳаи мактабу маориф пайваст ва дар кори мактабу маориф, дар пешрафти хоҷагии халқи мамлакат, омўзишу тарбияи насли наврас бо ҷону дил хизмат кард.»

Сулаймон Эрматов – адиб:

«Устод Муҳаммадраҳим Тошпўлодов дар баробари роҳбари кордону навовар буданашон, аҳли эҷод низ мебошанд. Баъзан  мақолаҳояшонро, ки дар рўзномаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ рўйи чоп  меомаданд, мутолиа менамудем. Дар ҷодаи эҷод низ фикри тоза, андешаҳои бикру созанда пешниҳод мекарданд.

Муҳаммадраҳим Тошпўлодов кўшиш мекарданд, ки хонандагон ватандўст бошанд, қадри китобро дарк кунанд, бо шоирону нависандагон аз наздик шинос шаванд. Бо ҳамин мақсад дар мактабҳо вохўриҳо ташкил мекарданд, шабҳои адабӣ, маҳфилҳои назм мегузарониданд. Рўдакихонӣ, Шоҳномахонӣ, Румихонӣ, Ҷомихонӣ дар сатҳи баланд мегузашт.»

Шодӣ Раҷабзод – рўзноманигор ва адиб:

«Устод Муҳаммадраҳим Тош пўлодов фаъолияти доманадори мактабшиносию методистиро ба роҳ монда, таҷрибаю андўхтаҳо ва бардоштҳои муддати солиёни дароз ғункардаи худро дар шакли мақолаю китобу рисолаҳаи методӣ таълиф ва пешниҳоди омўзгорону устодон намудаанд. Дар ин ҷода ўро пайрави мактаби педагогҳои маъруфи ҷумҳурӣ, собиқадорони маориф Ҳабиб Искандаров, Муҳаммадулло Лутфуллоев, Ибодулло Шарифзода ва чандеи дигар метавон шумурд.»

Муҳаммадӣ Нарзиқулов – омўзгор:

«Ман Муҳаммадраҳим Тошпўлодовро ҳамчун шахси ҳалим, хоксор, меҳнатдўст, маслиҳатгар ва машваратчӣ дарёфтам.

Дарсҳои   устодро ба воситаи камераи назоратӣ ва аз берун мушоҳида менамудам, чунин пай мебурдам, ки гўё дар ин синф касе нест. Хонандагон ором ва ҳама саргарми навиштану хондан буданд. Дар дарс бештар хонандагон кор мекарданд, муаллим вазифаи роҳбаладиро иҷро мекард. Дарсҳо  мақсаднок ва ҳадафрас гузаронида мешуданд.»

 

Абдурауф Муродӣ,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш