Нашрияи Омӯзгор

Таҷлили 15–умин солгарди таъсиси  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

15 – умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, бо иштироки раиси ВМКБ, муҳтарам Ёдгор Файзов дар вазъияти тантанавӣ таҷлил гардид. Пеш аз баргузории қисмати расмии чорабинӣ, иштирокдорон аз намоишгоҳи дастовардҳои хатмкардагони ин боргоҳ дар масири 15 сол, ки хеле ҷолиб буд,  дидан намуданд. Ҳамоиши тантанавиро директори Мактаби маълумоти касбии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Диловар Буттабеков ифтитоҳ намуд.

Мактаби  маълумоти касбӣ аз шумули нахустин барномаи академикии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ буда, соли 2006 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Оғохони 4 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни ҳол дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон 16 маркази таълимии он фаъолият дорад. Таҷрибае, ки донишгоҳ имрўз баҳри омўзиши илмҳои гуманитарию табиӣ, омода намудани мутахассисони зинаҳои бакалавриат, магистр ва доктор(PhD) роҳандозӣ намудааст, барои рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Ҷ.Қозибеков,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш