Нашрияи Омӯзгор

Баррасии қолабҳои нави жанрӣ

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

 

 

Журналистика дар замони ҷаҳонишавӣ имконоти васеъ барои аҳли эҷод фароҳам овардааст. Дар журналистикаи муосир масъалаҳои  наве ба вуҷуд омадаанд, ки омўзиши фарогир ва мушаххасу муайян намудани вижагиҳои онҳо аз пажўҳишгарон заҳмати зиёдро тақозо мекунад.

Бо вусъат пайдо намудани имконоти зиёди техникиву иттилоотӣ, фаъолияти журналистон васеъ гардид ва дар ин замина қолабҳои нави жанрӣ ба вуҷуд омаданд. Китоби нави номзади илмҳои филологӣ, рўзноманигор Зинатуллоҳ Исмоилзода бо номи «Жанрҳои журналистика ва қолабҳои нави жанрӣ» ба нашр расид, ки дар он бори аввал қолабҳои нави жанрӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муҳаққиқ дар оғози китоб перомуни таҳаввулоти жанрҳои журналистика маълумоти муфассал дода, ташхису таснифи жанрҳоро дар асоси осори илмиву таълимии пажўҳишгарони ватаниву хориҷӣ ба роҳ мондааст. Китоби мазкур ҳамчун дастури таълимӣ фарогири маълумоти навин перомуни қолабҳои нави жанрӣ мебошад. З. Исмоилзода жанрҳои журналистикаро ба чор қисмат ҷудо намуда, дар баробари жанрҳои хабарию таҳлилӣ, публитсистию бадеӣ, жанрҳо ва қолабҳои интернетиро низ шомил намудааст. Ҳамчунин, дар ҷудо намудани жанрҳо дигаргунӣ ворид намуда,  ба гурўҳи жанрҳои хабарӣ дар баробари  хабар, ҳисобот, гузориш (репортаж), мусоҳиба, колонка, некролог, инфографикаро низ шомил кардааст ва бо мисолҳо ин жанрҳоро шарҳу тавзеҳ бахшидааст. Дар ин масъала низ байни олимону пажўҳишгарони соҳа баҳсҳо идома дорад ва чунин таснифоти жанрҳо аз ҷониби муҳаққиқ баҳсбарангез мебошад. Масалан, ба гурўҳи жанрҳои хабарӣ дохил намудани инфографика қобили дастгирист. Ба таъбири мавсуф, «Инфографика (хабар тариқи расму ҷадвалҳо) пешниҳоди маълумот тариқи ҷадвал дар бораи як хабари мураккабу васеъ мебошад. Он як усули самарабахши пешниҳоди хабар аст, ки нисбат ба матн ва садо зудтар ба аудитория мерасад. Инфографика бидуни матн рухдодро дар тасаввури хонанда мерасонад». Инчунин, истифодаи онро дар васоити ахбори омма таҳил менамояд ва ба натиҷае мерасад, ки шакли пешниҳоди иттилоъ дар телевизион бештар мебошад. Дар мушаххасу муайян намудани жанрҳо пажўҳишгар андешаҳояшро бо овардани мисолҳо ва иқтибосот аз асарҳои муҳаққиқони хориҷӣ собит менамояд. Ин гуна тарзи пешниҳоди маълумот, аз як тараф, муътамаднокиии навиштаро бозгў намояд, аз сўйи дигар, ба шинохти воқеии жанрҳо мусоидат мекунад.

З. Исмоилзода ба гурўҳи жанрҳои таҳлилӣ 16 намуди онҳоро дохил намудааст ва тарзи пешниҳоди ин жанрҳоро баррасӣ кардааст. Таҳлилу баҳогузории муҳаққиқ, аз як ҷониб, бозгўи он аст, ки масъалаи жанрҳои таҳлилӣ доманаи васеъ дошта, бо рушди технология ва воситаҳои нави иттилоърасонӣ  ба вуҷуд омадааст, аз ҷониби дигар, шакли таҳлили мавод ва тарзи пешниҳоди онҳо низ тағйир ёфтааст, ки омўзиши онҳо дар муассиру диққатҷалбкунанда шудани матолиб такони ҷиддӣ мебахшад. Аз ҷумла, ба ин гурўҳи жанрҳо ворид намудани хулосаи сотсиологӣ, мониторинги ВАО, рейтинг, пешгўӣ ва амсоли инҳо низ таваҷҷуҳбарангез мебошад. Дар китоб рейтинг ва хусусиятҳои он ба инобат гирифта шуда, ба гурўҳҳои жанрҳои таҳлилӣ дохил шудани он таҳлилу арзёбӣ гардидааст. Ба таъбири муҳаққиқ, «рейтинг дар навбати аввал эълони кардани мавқеъ ва аҳамияти як масъала аст. Ин хулоса хеле амиқ дар ҷаҳони афкор таҳрикро ба миён меорад. Аз ҷониби дигар, рейтинг як воситаи дигари таблиғу ташвиқ ва ҳатто реклама ба ҳисоб рафта метавонад. Рейтинг аз калимаи англисии «rating» гирифта шуда, маънои баҳогузориро дорад».

Вобаста ба гурўҳи жанрҳои публитсистию бадеӣ муаллиф 18 намуди онро муайян кардааст. Аз ҷумла, шоу, реалитӣ –шоу, репортажи бадеӣ, скетч, эссе, хотираҳои омўрзиш (розгўӣ, иқрор), пасквил, карикатура, латифа, эрпитафия ва монанди инҳо дар журналистикаи тоҷик ҳамчун жанр таърихи на он қадар тўлонӣ доранд. Аммо аксари ин жанрҳо дар журналистикаи Аврупою Амрико ҳамчун намуди эҷод таърихи тўлонӣ доштаву ба сифати жанр барвақт эърироф гардидаанд. Таҳлили ин гурўҳи жанрҳо ва ҳамчунин, мушаххас намудани унсурҳои умумӣ ва фарқкунандаи онҳо аз ҷониби З. Исмоилзода хеле омўзанда мебошад. Гарчанде ки дар таъриф ва таснифи баъзе аз жанрҳо наметавон ба муҳаққиқ ҳамақида буд, бо вуҷуди ин, муаллиф дар муайян намудани жанрҳо дидгоҳи махсус дорад, ки ин аз омўзиши ҳамаҷониба ў дар хусуси жанрҳои мазкур шаҳодат медиҳад.

Дар идома дар бораи жанрҳо ва қолабҳои интернетӣ сухан ронда, онҳоро ба ду қисмат – интернет – журналистика, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иртибототӣ ҷудо кардааст. Ин қисмати китоб то ҷое баҳсталаб мебошад. Дар ин қисмат дар бораи сафарномаи интернетӣ, хабар дар интернет, блог, коммент, колонкаи  муаллифӣ, маводи интерактивӣ, фотолента, форум, фейк, чат, мессенҷер почтаи электронӣ, сайт, китобхонаи электронӣ ва дар қисмати шабакаҳои иҷтимоӣ ва иртибототӣ перомуни Одноклассники, Инстаграм, Твиттер, В контакте, Фейсбук, Ютуб, Википедия, Вайбер ва Вотсап маълумот медиҳад. Гарчанде ҳанўз ҳам аксари ин воситаҳои расондани иттилоъ чун соҳаи журналистика шинохта намешаванд, вале рушди бемайлони технологиия ва журналистикаи муосир тақозо мекунад, ки журналистони имрўза аз ин воситаҳои муҳимми пешниҳоди матн огаҳӣ дошта бошанд ва барои таблиғу шинохти бештари худшиносиву худогоҳии насли наврас ва ҳифзи арзишҳои миллӣ онро истифода намоянд  Имрўз фазое ба вуҷуд омадааст, ки ин қолабҳои нави журналистика аҳамияти бештар ва сареътари пешниҳоди иттилоъро доро бошанд ва муҳимияти омўзиши онҳо дар замони муосир низ ба вуҷуд омадааст. Муҳаққиқ ба ин паҳлуи масъала махсус таваҷҷуҳ намуда, аз раванди босуръати пешрафти технология ва имкони ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ кардан дар макотиби олиро тақозо мекунад.

Гузашта аз ин, дар китоб мафҳуму истилоҳоти қолабҳои жанрӣ шарҳу тавзеҳ ёфта, шеваҳои таъсири мутақобилаи онҳо ба ҷомеа баён шудааст. Ин гуна тавзеҳбахшии жанрҳои интернетӣ, ки бевосита имрўз ҷомеаи моро фаро гирифтааст ва Интернет, муҳиммияти жанрҳоро хира намекунад, балки дар заминаи онҳо қолабҳои нави жанрӣ ба вуҷуд оварда мешавад. З. Исмоилзода дар таърифу тавзеҳи қолабҳои нави жанрӣ ба асарҳои олимони шинохтаи дохиливу хориҷӣ такя карда, дар ин миён андешаҳои ҷолиб пешниҳод мекунад. Дар робита ба муҳиммияти асари мазкур дар муқаддимаи китоб академик Муҳаммадюсуф Имомзода бамаврид таъкид кардааст, ки «…дастури мазкур маълумотномаи муфидест дар шинохти жанрҳои ҷадиду қадим  ва қолабҳои нави шакл-гиранда. Таълифоти мазкур арзиши таълимиву маърифатӣ дорад. Муаллиф дар баробари муҳаққиқи соҳа будан, журналисти муваффақе ҳаст, ки татбиқи жанрҳоро дар амалия дидааст».

Дарвоқеъ, китоби мазкур бартариҳои зиёде дошта, бори аввал дар он кўшиш шудааст, ки дар масъалаи тақсимбандии жанрҳо дар натиҷаи омўзиши васеъ ва таҷрибаи фаъолияти журналистӣ дар ВАО андешаҳои бикр баён карда шавад. Забони китоб содаву равон ва фаҳмо буда, мафҳуму истилоҳҳо ба таври дақиқ шарҳу тафсир ёфтаанд. Китоби «Жанрҳои журналистика ва қолабҳои нави жанрӣ» барои  пажўҳишгарону омўзгорон ва донишҷўёни шуъбаву факултетҳои журналистикаи мактабҳои олии кишвар дар шинохту омўзиши жанрҳо ва қолабҳои нави шаклгирифта мусоидат хоҳад кард.

 

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш