Нашрияи Омӯзгор

Хонандаи мактаб трактор сохт

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дилшодҷон аз кўдакӣ ба техника шавқу рағбати зиёд дошт. Дар хонаашон мошинчаю велосипедҳоро худаш мустақилона таъмир мекард. Вақте падараш дарк кард, ки ў ба сохтани модели автомобилҳо шавқ дорад, писарашро ба маҳфили “Автомодел”-и Маркази таҳсилоти иловагии №1-и шаҳри Панҷакент овард. Ҷавони хушзеҳн ҳамроҳи устодаш Акрам Ҳайдаров, роҳбари маҳфили “Автомодел” ва дастгирии бевоситаи падараш трактори хурди ҳамакораи “Суғд” - ро сохт.

-Ман, ки дар оилаи деҳқон ба воя расидаам, меҳнати пурзаҳмати бобоёну бибиён, падару модарон ва шикасту рехти онҳоро медидам. Барои оилаи мо 5 гектар замини корам ҷудо карда шудааст. Ҳамасола барои омода сохтани замини кишт, коридан ва ҷамъоварӣ намудани ҳосил хароҷоти хеле зиёд мешавад, ки ин ба буҷаи оилавӣ зарар меорад. Ин масъала маро ба андеша водор кард. Ният кардам, воситае ихтироъ намоям, ки ҳамаи корҳои кишоварзиро анҷом дода тавонад ва хароҷотро кам карда, фоидаи бештар оварад. Ҳамин тавр, ин минитрактор сохта шуд, - мегўяд Дилшодҷон Ойматов.

Барои сохтани трактори хурди ҳамакора тақрибан 35 000 сомонӣ маблағ харҷ шудааст. Он 14 амалиётро анҷом дода, дар фосилаи кўтоҳ заминро ба кишт омода мекунад. Ҳамсуҳбати мо ният дорад, дар оянда алафдаравак ва техникаи мевачин ҳам ихтироъ кунад.

Ин писараки қобил 25-уми январи соли 2007 дар деҳаи Кабудсанги (Кўктош) Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Таҳсилашро дар мактаби №14-и деҳаи Кабудсанг (Кўктош) оғоз бахшида, айни замон дар литсейи шаҳри Панҷакент мехонад. Соли 2021 Дилшодҷон бо трактори хурди ҳамакораи “Суғд” дар бахши аграрии озмуни шаҳрии “Олимпиадаи техникони наврас” иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври вилоятӣ роххат гирифта буд. Дар даври вилоятии озмун низ сазовори ҷойи аввал ва дипломи раёсати маорифи вилояти Суғд гардид.

Ин навраси хушзеҳн дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурўғи маърифат” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Панҷакент сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври вилоятӣ роххат гирифт. Дар даври вилоятии озмун Дилшодҷон Ойматов трактори хурди сохтаашро ба намоиш гузошта, ҷойи дуюмро соҳиб шуд.

Шервони Умриддин,

журналист

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш