Нашрияи Омӯзгор

Тарбия аз домони модар оғоз мешавад

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Оила ошёни муқаддас аст. Эҳсоси Ватан, дўст доштан ва муҳофизату эҳтиром кардани он аз остонаи ҳамин даргоҳ оғоз меёбад.Эҳтирому дўст доштани оила ба ватандўстӣ роҳ мекушояд.

Оила ҷузъи хурдтарини давлату давлатдорист. Ҳар як шахс дар бунёду такмили иморати ин давлат, ки асоси онро  истиқлолият ташкил медиҳад, бояд ҳиссае дошта бошад. Азиз доштан, обод гардидани ин сарзамини биҳиштосоро ба фарзандон дар оила падару модарон мефаҳмонанд, дар ниҳодашон ҷо менамоянд. Зеро хонанда  муддати панҷ – шаш соат дар  муассиса, зери назорати омўзгор буда, боқимондаи вақт дар ихтиёри падару модар қарор дорад.

Омўзгор шахсест, ки бо шарофати меҳнату заҳматҳои зиёд дар дили насли наврас машъали саодату садоқатро фурўзон менамояд. Муаллим ҳеҷ вақт шогирдро ба худию бегона, неку бад ҷудо намекунад. Вай дар  муассиса шогирдонро панду андарз медиҳад,  ба тарғиби рафтори дуруст ва муносибати самимона ҷалб менамояд. Дар босамару судманд будани тарбия ҳамкории муаллим бо волидон нақши калон дорад. Ҳамкорӣ бо волидон ба муаллим имкон медиҳад, ки хонандагонро бештару аниқтар омўзад ва ҳар фаҳмиши нодурустро аз шууру тафаккури кўдак дур созад. Муаллим бояд кўшиш кунад, ки  дар ҷараёни дарсҳо сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ва муҳаббат ба донишомўзиро ба шогирдон талқин намояд. Аз асарҳои пандомўзӣ шоирони тоҷик истифода бурдан дар ин бобат хеле ба маврид аст. Барои  дуруст ба роҳ мондани тарбияи шогирдон гузаронидани машғулиятҳо дар мавзуъҳои ахлоқӣ, сиёсӣ, фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, баргузории ҷашнҳо, ташкили бозиҳо  аҳамияти калон дорад.  Ба ин васила, хонандагон дар мактаб  ҳам ба таълим ва ҳам ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Ин ду самт якдигарро пурра месозанд.

Аммо қайд кардан ба маврид аст, ки хонандагон дар масъалаи тарбия хеле қафо мондаанд. Хуб мешуд, ки омўзгор оид ба бартарӣ ёфтани ҷиҳати тарбияи хонандагон бо волидон ҳамкории хуб дошта бошанд. Дар ҳақиқат, падару модароне ҳастанд, ки ба  таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Онҳоро дар баробари таъмин намудан бо сару либос ва   ашёи хониш, инчунин, омодагии фарзандонашонро  ба дарс  зери назорати  доимӣ қарор медиҳанд.

Вале  афсўс, ки аксари волидон вазифаи ҷонии худ – тарбияи фарзандонро то ҳол вазифаи мактабу омўзгор меҳисобанд ва аз масъулияти  хеш канораҷўйӣ мекунанд. Фарзандро ба олами ҳастӣ овардан, ҳанўз маънои падару модар шуданро надорад. Падару модар онест, ки аз хурдӣ то синни балоғат фарзандро дар рўҳияи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия менамояд.

Агар волидон дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд ғайрату  дилсўзӣ  намоянд, бисёр падидаҳои куҳнаю нав, ки дар ҳақиқат доғи рўзгори мост, пурра решакан мегарданд.

Ойбӣ  Ҷумъаева,

омўзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №78-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш