Нашрияи Омӯзгор

Нақшофарӣ дар дарс

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир соҳаи маорифи мамлакат бештар такмил меёбад ва дар қатори дигар  навгониҳо китобҳои  дарсии тозанашр дастраси омўзгорон мешаванд. Ин китобҳо  эҷодкории  бештари маро тақозо доранд. Ман  бо шогирдонам бештар бо усулҳои “дарс - саҳна”, “нақшофарӣ” машғулиятҳо мегузаронам. Ин усул  ба хонандагон ҳам мақбул аст. Бачаҳо худашон нақшофарӣ мекунанд, ки он дар ёду хотирашон то дергоҳ боқӣ мемонад. Онҳо бо шавқу завқи зиёд машғулиятҳои навбатиро интизор мешаванд.

Намунаи як машғулиятро аз фанни забони модарӣ дар синфи якум мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Мавзуъ: Ҳиҷо ва калима. Зимистон. Моҳҳои сол.

Таҷҳизот:

Расмҳо дар бораи фасли зимистон. Барф ва яхмолакбозӣ. Бобои барфӣ ва калиди рамзии “Боғи дониш”-и бобои Хирад. Азизҷону Азиза.

Салоҳиятҳо:

- Мазмун ва мақсади асосии сухани гўянда (гон)-ро, ки ба синну сол мувофиқ аст, муайян кардан.

- Қоидаҳои одии навиштанро тибқи нишондиҳандаҳо риоя намудан.

Мақсадҳои таълим: то охири дарс мазмуни асосии матнро бо роҳи саволу ҷавоб гуфта тавонанд; порчаҳои кўтоҳи матнро бурро хонда тавонанд; моҳҳои солро номбар карда тавонанд; дар нақшҳо бозӣ (нақшофарӣ) карда тавонанд; порчаҳои хурди шеъриро бурро хонда, аз ёд карда тавонанд.

Равиши дарс

3. Мақсадҳои таълим.

1.Ташкили дарс (оғози дарс).

2. Пурсиши вазифаи хонагӣ.

3. Ангезиши зеҳн.

4. Арзёбӣ (ҷамъбасти дарс).

Донишҳои қаблан дарёфтаро хотиррасон мекунам. Барои ин аз саволномаҳои китоб ва саволҳои тайёрнамудаи худ истифода мебарам. Масалан:  Зимистон чӣ ранг дорад?, Либосаш чӣ хел аст?, Кадом моҳҳоро дар бар мегирад?, Барои чӣ Хирс-бобо зимистонро бештар дўст медорад?, Хунукӣ чисту гармӣ чист?, Кадомаш беҳтар?..

Шарҳдиҳӣ:

Дар         тахтаи синф расмҳои гуногунро дар бораи фасли зимистон меовезам. Бачаҳо худро дар нақши Бобои барфӣ тасаввур намуда, нақш меофаранд. Ҳама ба завқ омада, Бобои барфиро бо кафкўбиҳо бар рақс даъват мекунанд.

Дар идома хонандагонро ба ду гурўҳ ҷудо намуда, дар бораи дувоздаҳ моҳи сол бо рақамгузорӣ (дар варақҳои алоҳида) аз як то дувоздаҳ маълумот медиҳам. Ин усули кор дар дарсҳои оянда низ давом дода мешавад. Хонандагон оҳиста-оҳиста дар бораи дувоздаҳ моҳи сол маълумот пайдо мекунанд.

Кори гурўҳӣ  1. - Хонандагон дар бораи фасли зимистон шеърҳо қироат мекунанд, тезгўякҳо мехонанд.

Кори гурўҳӣ 2. -  Бачаҳо дар бораи фасли зимистон ва Бобои барфӣ шеърҳову чистонҳо азёд мегўянд.

Дар охир ҳар ду гурўҳ зери кафкўбиҳо Боборо ба хонааш гусел мекунанд.

Арзёбӣ.

Арзёбиро низ бо ҳазлу шўхӣ ташкил намудан беҳтар  аст. Ин ҷо боз нақшофарӣ мекунем:  хонандае нақши Хирси хоболудро иҷро мекунад.

Лаҳзаи дигар: аз бачаҳо хоҳиш мекунам, ки «Тезгўяк»-ро бори дигар ёдрас шаванд:

Чўҷа афтод дар ҷўча,

Бе чўҷа монд Хўҷа.

Ин гуна лаҳзаҳо  барои хонандагон хеле хушоянд аст. Шеъри «Лезаки ман»-и М.Ҳакимоваро хонандагон бо кафкўбӣ  бо оҳангаш мехонанд. Барои бо муваффақият ба итмом расидани машғулият бачаҳо мулоҳизаҳояшонро оид ба Бобои барфӣ ва хирси хоболуд мегўянд. Дарси оянда онҳо дар вохўрӣ бо бобои Хирад ва Азизҷону Азиза бо тайёрии ҷиддӣ меоянд.

Аз хонандагон хоҳиш мекунам, ки то дарси оянда шеъри «Зеби зимистон»-и Алӣ Бобоҷонро аз ёд кунанд. Аз бар намудани шеъру чистонҳо, андарзҳоро низ дар бораи фасли зимистон фаромўш накунанд.

Дар ниҳояти машғулият калиди бобои Хирадро ба дасташ дода мегўям:

Ин калиди рамзии шумо, Бобоҷон.

Бобо дарсро хотима бахшида, бо вожаҳои дилчаспу хушҳолкунандаи «Офарин», «Таҳсин», «Қандата зан, писарам», «Офарин, набераи Бобо» бачаҳои фаъолро рўҳбаланд мегардонад. Ва калиди рамзии «Боғи дониш»-ро як-як ба дасти бачаҳо дода мегўяд:

-Акнун ин бачаҳо ба «Боғи дониш» роҳ ёфтанд. Шумо низ, боқимондаҳо фарзандонам, то дарси оянда кўшиш кунед, то ба ин боғ роҳ ёбед. Бачаҳо бобои Хирадро мегуселонанд:

-Хайр, Бобоҷон!

-Хайр, фарзандонам!      

-Боз биёед, Бобоҷон!

 

Мастура БОБИЕВА,

омўзгори синфҳои

ибтидоии мактаби №61-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш