Нашрияи Омӯзгор

Муовини директор масъулияти зиёд дорад

Сана: 2021-10-08        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола  хатмкунандагони ихтисосҳои педагогии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тибқи роҳхат ба мактабҳо ба кор фиристода мешаванд. Дар ин давраи ҳассос, яъне оғози фаъолияти омўзгорӣ, пеш аз ҳама, омўзгорони ҷавон ба ёрии методӣ эҳтиёҷ доранд. Муовини директор оид ба таълим бояд дарсҳои омўзгорони ҷавонро мушоҳида намуда, пайваста ба онҳо ёрии методӣ расонад.  Албатта, барои расонидани ёрии методӣ бояд худи ҷонишин аз асноди меъёрию ҳуқуқии соҳа, муҳтавои стандарту барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои тақвимӣ, адабиёти таълимӣ маълумоти кофӣ дошта бошад. Бо омўзгорони ҷавон хушмуомилаву хушрафтор буда, муоширати хуби касбиро ба роҳ монда тавонад, зеро вазифаи ҷонишини директор оид ба таълим дар мактабҳо кори масъулиятнок буда, доштани ҷасорат, ҷаҳонбинии васеъ, дониши хуби педагогию психологиро тақозо менамояд. Ў бояд нақшаи яксоатаи дарсии омўзгори ҷавонро санҷад  ва дар тартиб додани он ёрии амалӣ расонад. Омўзгори ҷавон бояд нисбат ба худ  серталаб ва масъулиятшинос бошад ва доимо аз омўзгорони соҳибтаҷриба маслиҳату машварат пурсад.

Бояд қайд намуд, ки агар коллектив ва маъмурияти муассисаи таълимӣ, бахусус, ҷонишини директор оид ба таълим ва роҳбарони иттиҳодияи методӣ ба омўзгори ҷавон  ҳар чи зиёдтар муносибати хуб ва хайрхоҳона дошта бошанд, ҳамон қадар ў ба касбу кори худ меҳру муҳаббат пайдо мекунад ва ҳамчун як омўзгори пешқадам ба камол мерасад, ки ин боиси ҳал гардидани мушкилоти кадрии муассисаҳои таълимӣ мегардад.

Нусратбек ШОМИРЗОЗОДА,

мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш