Нашрияи Омӯзгор

Нақши бузурги омўзгор

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Омўзгор шахсест, ки таълиму тарбияи насли наврасро ба уҳда дорад,  масъулиятшинос мебошад. Омўзгори воқеӣ пайваста худомўзӣ мекунад ва барои шавқовару хотирмон гузаштани дарсаш ҷаҳду талош менамояд.

Психологи машҳури амрикоӣ А. Маслоу дар ин маврид чунин қайд намудааст: “Тамоми ҳаёти инсон омўзиш аст, ҳар як шахс дар ҳаёти худ омўзгор ва хонанда аст”. Пас, омўзгори асил онест, ки шогирдон суҳбати ўро аз дигар машғулият болотар мегузоранд ва  ҳар як шогирд монанд шудан ба  ўро мехоҳад. Дар ин бобат файласуфи Юнони Қадим Арасту мегўяд: “Омўзгорон аз волидон афзалтаранд, волидон ба мо ҳаёт мебахшанд, омўзгорон ҳаёти хушбахтона мегузаронанд».

Мақоми омўзгор дар ҳама давру замон баланд буду ҳаст. Дар навбати хеш давлату ҳукумат соҳаи илму маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятнок шуморида, шароити хубу шоистаро муҳайё намудааст. Омўзгор бояд масъулияти хешро хуб дарк намояд, роҳи дурусти таълиму тарбияро барои насли наврас нишон бидиҳад. Албатта, ҳар як омўзгор орзу дорад, ки шогирдонеро ба воя расонад, ки бо донишу интизом ва бо касбу кори худ обрўю эътибори миллат ва меҳани хешро баланд бардоранд, фарзандони барўманди халқи хеш гарданд ва дар ободии Ватани азизамон саҳм гузоранд. Шахсияти шогирдро омўзгор ҳеҷ гоҳ поймол накунад, ба фикру ақидаи ў гўш андозад ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши шогирд ҳамкории қавиро бо оила ба роҳ монад.

Бале, омўзгоре, ки диққати шогирдро ҷалб мекунад ва дар симои шогирдон ояндаи дурахшони Ватани хешро мебинад, омўзгори асил аст.

Раҳима ҶУМАЕВА

омўзгори МТМУ №26, ноҳияи Исмоили Сомонӣ   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш