Нашрияи Омӯзгор

Робитаи омўзгорон бо волидон муҳим аст

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Омўзгор шахсиятест, ки ояндаи ҷомеа, фарҳангу маърифат, донишу маҳорат ва мардонагиву шуҷоати наслҳои ояндасози  давлату миллат аз ў вобастагӣ дорад.

Омўзгор падари  маънавии насли наврас ба шумор меравад ва тамоми донишу тарбияе, ки шогирдон гирифтаанд, ба шарофати омўзгор аст.

Бисёре аз волидон дар се моҳи таътили тобистона аз уҳдаи тарбияи фарзандонашон намебароянд, фарзандонашон ба кўчагардиву корҳои ношоям машғуланд, аммо ба замми  ин  ҳама, ҳамеша омўзгорро санги маломат мезананд. Хонандагоне ҳастанд, ки дар оила таълиму тарбияи хуб надоранд ва ба корҳои ношоям машғуланд. Бояд дарк кард, ки тарбияи асосиро онҳо аз оила мегиранд.

Аҳамияти нақши омўзгорро дар рушди пешрафти ҷомеа педагоги машҳур  К.Д. Ушинский чунин шарҳ додааст: «Омўзгоре, ки дар сатҳи тарбияи муосир қарор дорад, худро узви зинда ва фаъоли як организми бузург бар зидди ҷаҳолат ва бадиҳои башарият, миёнарав байни ҳама чизҳои олӣ, эҳёгари таърихи гузаштаи одамон ва насли нав, посбони аҳдҳои муқаддаси одамон, ки барои ҳақиқат ва некӣ мубориза мебурданд, мебошад».  Барҳақ, устоди тамоми устодон омўзгор мебошад.

Мирамон Муродов,

 ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш