Яке аз роҳҳои инкишофи нутқи хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ ҳар чӣ бештар азбар намудани шеър ба шумор меравад.
Дар шеър хонандаи синфи поёнӣ бештар бояд ба кадом омилҳо таваҷҷуҳ кунад? Нахуст ба луғат ва вожаҳое, ки шоир бо ҳунару маҳорати баланд ва огоҳмандона аз онҳо истифода кардааст. Баъдан, ба тасвири манзараҳои табиат ва мушоҳидаҳои вижаи шоирона, ки ба ангезиши зеҳнии хонандагони синфҳои поёнӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, ба ҷузъиётнигорӣ, ки аз тасвири одамони касбу кори гуногун, меҳнати садоқатмандонаи онҳо, ашёву воситаҳои мухталиф, олами набототу ҳайвонот, вижагиҳои зист ва таъсири муҳити атроф ба онҳо иборат аст, диққати зарурии худро бояд равон кунанд. Суханҳои муқаррарӣ, тасвирҳои маълуму обшуста ва нақли дурудароз ҳаргиз ба хонандаи синфи поёнӣ таъсир намерасонад. Вақте ки чунин байтҳоро қироат мекунем, ба фаҳму дарки зебоишиносӣ ва биниши хоси шоир аҳсан мегӯем.
Абр омаду абр омад,
Ғурранда чун бабр омад.
Аз ҷониби кӯҳ омад,
Дар соати нуҳ омад.
Дар ин қитъашеъри шоири маъруф Аминҷон Шукӯҳӣ манзараи ҷамъ гардидани абрҳо ва боридани борон тасвири воқеии худро ёфтааст. Бахусус, садои ваҳмангези абри сиёҳро ба ғурридани бабр монанд кардани шоир (истифода аз ташбеҳ) хеле ҷолибу воқеист. Чунин манзаранигорӣ зуд диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунад.
Дар шеъри Нуъмон Розиқ зебоии гулмоҳӣ чунин тасвир шудааст:
Гулмоҳиҷон, гулмоҳӣ,
Дорӣ куртаи шоҳӣ…
Дар ин байт таркиби «куртаи шоҳӣ» чигунагии зебоии гулмоҳиро намоён намудааст, ки хотирмон ва ҷаззоб мебошад.
Гулчеҳра ҚУРБОНОВА,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр