Яке аз проблемаҳои глобалии замони имрўза, ки инсониятро ба ташвиш андохтааст, ифлосшавии табиат мебошад.
Бо мақсади тадқиқу таҳлили мавзуи зикршуда ман тасмим гирифтам, ки маҳалли зистамро интихоб намоям. Бо ин мақсад як таҷрибаи тадқиқотиро миёни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъа гузаронидам. Ба ғайр аз ин, миёни хонандагон амали дигаре бо номи кашидани харитаи маҳал ва дар он тасвир намудани сабаб ва роҳҳои ифлосшавии муҳити деҳот гузаронида шуд, ки он низ барои тадқиқоти ман хеле муҳим буд. Баъди он ки узви Академияи хурди илмии вилоят гаштам, кўшиш ба харҷ додам, ки дар сатҳи деҳот мувофиқи имконияту шароити маҳал, барои бартарафсозии оқибатҳои ифлосшавии муҳити зист пешнҳодоти заруриро баён намоям.
Барои гузаронидани таҷрибаи тадқиқотӣ аз усули пурсишнома истифода кардам. Мақсади пурсишнома аз он иборат буд, ки муайян намоям, то чӣ андоза хонандагон доир ба ифлосшавии муҳити зист дар шароити маҳаллашон тасаввурот доранд. Ба воситаи саволнома муайян намудам, ки бо кадом сабабу роҳҳо муҳити атрофамон ифлос ва хароб мегардад.
Дар асоси пурсишнома, ки аз 56 нафар гирифта шуданд, маълум гардид, ки хонандагон асосан се намуди ифлосшавии муҳити атрофро медонанд. 16 нафар иброз доштанд, ки ифлосшавии табиат асосан ба воситаи ифлосшавии замин ба амал меояд, 21 нафар сабаби онро дар ифлосшавии ҳаво маънидод намуданд, 19 нафар онро дар заҳролудшавии об ифода намуданд.
Дар ифлос намудани табиат дар асоси ҷавобҳои иштирокчиёни пурсишнома, 52 нафарашон инсонро сабабгори асосӣ мешуморанд. Фақат 3 нафар дар ифлосшавии табиат ҳайвонотро низ муҷрим шумориданд. Танҳо як нафар қайд намуд, ки табиат низ худаш метавонад муҳити зистро ифлос намояд. Бинобар фаҳмиши ў, ҳангоми офатҳои табиӣ низ табиат метавонад ифлос шавад. Дар ҷараёни тадқиқот аз хонандагоне, ки дар пурсиш ширкат варзиданд, пурсон шудем, ки оё онҳо низ дар ифлос кардани муҳити атрофашон даст доранд ё не? Ҳамаи иштирокчиёни пурсишнома тасдиқ намуданд, ки ҳар кадомашон дар ифлос намудани табиати гирду атрофашон ҳаррўза кам ё зиёд даст доранд.
Дар натиҷаи тадқиқоти мазкур яке аз муҳимтарин паҳлуҳои мавзуъро муайян намудам, ки он дар бораи ба куҷо партофтани партовҳо аз ҷониби сокинони маҳал буд. Ба саволи мазкур дар асоси пурсишнома муайян гардид, ки партовҳо дар шароити деҳаи Тусиён бо се роҳ ба муҳити атроф партофта мешаванд. Маълум гашт, ки 7 нафар партовашонро ба об мепартоянд, 9 нафар онро месўзонанд, 40 каси дигар партовашонро ба замин ва дигар ҷойҳои аз хонаҳояшон дур бурда мепартоянд.
Бо хонандагони синфи 7-уми мактаби деҳа фаъолияте бо номи кашидани харитаи маҳал ва тасвир намудани сабабҳо ва роҳҳои ифлосшавии муҳити зист дар он гузаронида шуд. Хонандагон мушкилоти ҷойдоштаро вобаста ба ифлосшавии муҳити атрофашон, аз рўи мушоҳидаи ҳаррўзаашон дар харитаи маҳаллашон нишон доданд. Фаъолияти мазкур на танҳо барои хонандагон ҳамчун як дарси экологӣ, додани маълумот оид ба мушкилоти ҷойдошта вобаста ба ифлосшавии табиат буд, балки як навъи тадқиқоте буд, ки чӣ гуна муҳити атрофи деҳоти Тусиён аз тарафи мардум ифлос карда мешавад. Натиҷаи тадқиқоти ман аз ин намуди фаъолият нишон медиҳад, ки ҳамаи ҳоҷагиҳо бевосита дар ифлосшавии табиати гирду атрофи муҳити зисти деҳа даст доранд.
Аз рўйи тадқиқоти мазкур хулоса кардан мумкин аст, аслан се омили асосии ифлосшавӣ дар деҳоти Тусиён вуҷуд дорад, ки онҳоро аллакай дар боло номбар намудем. Дар натиҷаи таҳлилу омўзиши мавзуи мазкур ба хулоса омадам, ки сабабгори ҳамаи намуди ифлосшавии табиати гирду атроф дар навбати аввал худи сокинони маҳал мебошанд. Аз рўйи натиҷаи таҳқиқот ба хулоса омадам, ки нисбат ба омилҳои табиӣ омилҳои антропогенӣ ё худ таъсири инсон дар ифлос намудани муҳити зист аз ҳама бештар дида мешавад. Ин раванд бошад, аз ҳама беш дар шароити номусоиди деҳа ба мушоҳида мерасад.
Барои пешгирӣ намудани ифлосшавии муҳити зист ва паст кардани хатарҳои зараровари он дар сатҳи деҳа ман пешниҳод менамоям, ки аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аҳли ҷомеа, сокинони худи деҳа андешидани чораҳои зерин аз манфиат холӣ нест: ташкил намудани ҷойи махсуси партовгоҳ вобаста ба имконияту шароити маҳал, ҷойгир намудани қуттиҳои махсус барои партов дар назди хонаҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан, дар назди нуқтаҳои савдо, ки сабабгори ифлосшавии кўчаю сари роҳҳо дар деҳа мебошанд, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ оид ба сабабҳои ифлосшавӣ ва хатару зарарҳои давомдори он, гузаронидани омўзиш бо мардум ва хонандагон дар мавзуи “Ифлосшавии муҳити зист ва проблемаҳои экологӣ”, ташкил намудани гурўҳҳои ташаббускор бо номи “Дўстдорони табиат” дар мактабҳо, ҳармоҳа ташкили ҳашарҳо барои тоза кардани гирду атроф дар сатҳи деҳа, ташкили озмуни “Деҳаи тоза” миёни деҳаҳо дар ҳар як ноҳия зарур аст.
Барои роҳандозии пешниҳодоти мазкур ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта, аввал бояд ҳукумати маҳаллӣ ташаббускор ва саҳмгузор бошад ва мардум низ дар ҳамкории дастҷамъона фаъолият намоянд.
Шамима ШОДИБЕКОВА,
хонандаи синфи 7-и муассисаи
таълимии рақами 12 -и ноҳияи Роштқалъа, узви Академияи
хурди илмии ВМКБ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр