Нашрияи Омӯзгор

Тафсири вожаи «тоҷик» дар сангнабиштаҳо

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 830        Шарҳ: 0

 

Масъалаи тафсиру тавзеҳи муфассали вожаи «тоҷик» чанд асри охир таваҷҷуҳи олимону мутахассисон, забоншиносону муаррихонро ба худ ҷалб намуда, дар ин росто мусташриқони Аврупо низ матолибу асарҳои алоҳидаи илмӣ- пажўҳишӣ таълиф ва ба нашр  расондаанд.

Мусаллам аст, ки дар шарҳи мафҳуми «тоҷик» иқдоми нахустин, пероста бо далелу арқом ва иқтибосот аз сарчашмаҳои муътабари илмию таърихӣ ва адабиро устод Садриддин Айнӣ  анҷом дода буданд. Ҳамин мавзуъ дар асари дуҷилдаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» ба таври муфассалу доманадор таҳлил ва инъикоси худро ёфтааст. Дар ин боб ковишу ҷустуҷўҳо ва тадқиқотҳои олимон, аз ҷумла, муаррихону бостоншиносон ҳамчунон идома ёфта, андешаҳои тозаю ҷолиб ба майдон омаданд, ки дар рўшантару бармалотар гардонидани маъною моҳияти вожаи «тоҷик» ҳиссаи арзанда мегузоранд. Асари пурарзишу таваҷҷуҳангези устоди адабиёти форсии Институти Осиёи Ҷанубӣ дар Донишгоҳи Ҳойделберги Олмон Ғулом  Ҷелонии Доварӣ – «Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи «тожик»  (бар мабнои осори кашфшуда) аз ҳамин гуна пажўҳишест, ки дорои ҷанбаю ғоя  ва андешаҳои нав буда, муаллиф дар асоси сангнавиштаи бохтарӣ, ки соли 1996 дар музофоти Яковланги Бомиёни Афғонистон кашф шудааст, дар хусуси калимаи «тожик» иттилои фаровонеро пешниҳоди хонандаи закӣ мегардонад. Дар саҳифаи аввали китоб дар зери сурати Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки муаллиф низ паҳлуяшон қарор дорад, омадааст:

«Ин асарро ба поси заҳамоти арзишманди Ҷаноби Олӣ, Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури кишвари Тоҷикистон дар соҳаи забон, фарҳанг ва тамаддуни муштараки мо, ба Эшон эҳдо мекунам.» Навишта ба доктор Ғулом Ҷелонии Доварӣ мутааллиқ аст. Дар пешгуфтори китоб таҳти унвони «Тоҷик таърихи бисёрҳазорсола дорад», Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар хусуси рисолаи профессор Ғулом Ҷелонии Доварӣ андешаҳои худро баён дошта, аз ҷумла, менигорад, ки муаллиф бо такя бо се  манбаи таърихӣ собит менамояд, ки вожаҳои «тожик», «тоҷик» ва «забони тожикӣ» ҳанўз дар даврони пеш аз ислом вуҷуд доштаанд. Ин се манбаъ – сангнабиштаи бохтарии Яковланг (дар вилояти Бомиёни Афғонистон) аст, ки соли 392 – тақвими бохтарӣ (баробар ба 624 мелодӣ) бо фармони Алхис, писари Хурос (хадиви Газон) ба муносибати пирўзӣ ва ё интихобаш ба ҳайси подшоҳи турку тожик (тоҷик) навишта шудааст. Таърихи кашфи сангнабишта соли 1996 мебошад. Дувум, калимаи «тожик» (тоҷик) дар сиккаи яке аз шоҳони Хуросон, ки бо лақаби ифтихории «Қайсари Рум, Худои Бузург, «Шоҳи Тозикон» шуҳрат доштааст, дарёфт гардидааст.

Севум, дар порчае аз як нусхаи хаттӣ ба забони монавии портӣ, ки дар маҷмўаи «Турфон» (таҳти шумораи 339 М) дар Олмон нигоҳдорӣ мешавад, ибораи «забони тожикӣ» омадааст.

Китоби мавриди назар аз ду бахш, ки яке  6 мақола ва дигаре 7 матлабро дар бар мегирад, иборат ёфтааст. Дар бахши нахуст навиштаҳои «Сарзамини аслии ориёҳо ва решаи забонии онҳо», «Вожаи «ориёӣ», «Аҳуромаздо», «Йима», «Хуросон, Ҳуварсон ва Меҳрсон», «Манобеъ ва понавиштаҳои бахши нахуст»-ро дар бар гирифтааст. Олими маъруф дар мақолоти бахши ориёҳо маълумот дода, таъкид мекунад, нахустин касе, ки ба ин масъала (пайвандҳои забониву табории ин ақвом) пай бурдааст, донишманди англис Сэр Виллиям Ҷонс мебошад. Ин донишманд соли 1786 ба натиҷае расид, ки забонҳои санскрит, юнонӣ, лотинӣ, гутӣ, килтӣ ва порсӣ бо ҳам қаробат доранд ва ин забонҳо аз як  забони модарии муштарак зода шудаанд, ки он забони ҳиндуаврупоӣ номида шуд. Ба андешаи Ғулом Ҷелонии Доварӣ, касе, ки ин кашфи бузургро рўи асосоти илмӣ устувор кард, донишманди олмонӣ Франс Бупп мебошад, ки асари панҷҷилдаи вай ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудааст. Муҳаққиқ бо мисолу далоили фаровон дар хусуси сарзаминҳои аввалияи ақвоми ҳиндуаврупоӣ маълумот дода, Аврупои Ғарбӣ, канораҳои дарёи Сиёҳ, Қафқоз, Сибири Урал, Ҳиндро макони зист ва ташаккулу таҳаввули ин ақвом медонад. ҳамзамон, муаллиф забонҳои ганҷи ақвоми ҳиндуаврупоиро таҳлил ва рақамзанӣ намуда, он забонҳоро ба шохаҳои гурўҳи ҳинд – ориёӣ ва эронӣ – ориёӣ мансуб медонад. Олими тавоно зимни ҷамъбасти далелҳои таърихӣ ба чунин хулоса мерасад:

«Агар имрўз баъзеҳо дод аз порсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ минҳайси забонҳои ҷудогона мезананд, пас, чунин тарзи дид ҷанбаи сиёсӣ дорад, на илмӣ. Аз диди забоншиносӣ ҳарсеи онҳо гўишҳои як забони воҳиданд. Табъан, ин гўишҳо тафовутҳои лаҳҷаӣ, дастурӣ, луғавӣ, овоӣ ва вожагонӣ бо ҳамдигар доранд, падидае, ки онро дар соири забонҳои дунё ҳам метавон мушоҳида кард, масалан, дар забони олмонӣ бо гўишҳои гуногун.»  Атрофи  вожаи «ориёӣ» ҳарф зада, Ғулом Ҷелонии  Доварӣ дар бораи номи ориёҳои Ҳинд, номи ориёҳо дар «Авесто», подшоҳони Ҳахоманишинӣ, Сосониён, ки худро сирфан ориёӣ меномиданд, иттилоъ медиҳад. Ба таъкиди ў, подшоҳони Ҳахоманишинӣ худро  на танҳо «порсӣ» ва «писари як порсӣ» мехонданд, балки худро «ориёӣ» ва «насаби  ориёӣ» ҳам меномиданд. Сосониён аз қарни севуми мелодӣ  ба баъд дар сангнабиштаҳо хешро «Шоҳаншоҳи Эрону Амирон», яъне шоҳаншоҳи Эрон ба маънои Ориёӣ аст, меномиданд. Дар хусуси Худоёни давраи авастоӣ – Аҳуромаздо, илоҳаи Нана (зан), Умма, Шива сухан ронда, тафсилоту тавзеҳи зуҳури ин худоёнро дар заминаи сангнабиштаи Работак баён месозад. Ҳамин тавр, муҳаққиқ дар боби «Ийима» дар бораи нахустин инсони рўйи замин фарзияи худро баён карда, мегўяд, ки вай ба сурати мард зоҳир шуда, ҳамсараш Ямӣ ном доштааст. Тасвири Йима дар пушти сиккаи шоҳони давраи Кўшонӣ (қарни чаҳоруми мелодӣ) инъикос ёфта будааст. Яке аз матолиби хонданию фарогир бо маълумоти ҷолиб «Хуросон, Ҳуварсон ва Меҳрсон» номгузорӣ шудааст, ки дар он донишманди закӣ вожаи «Хуросон»-ро ба таври зайл маънидод мекунад: «хуршед аз фарози силсилакўҳҳои баланд бармехезад» пас, тулуи хуршед ба манзалаи рўшноии раҳоибахш аст, ки рўҳи бошандагони он ҷоро пас аз торикии ҳавлноки шаб шодмон месозад. Муаллифи китоб тарзи навишт ва талаффузи ин вожаро дар забонҳои миёнаи шарқӣ, аз ҷумла, бохтарӣ баррасию таҳлил намуда, ҳамзамон, моҳияти онро  рўйи сиккаҳои шоҳони Кўшонӣ ва Вимо Кадфирс, Канишка ва Ҳувишка, сиккаи ду шоҳ аз қабоили Хиёниҳо, ки дар нимаи дуюми қарни панҷуми мелодӣ дар сарзамини Каписо – Кобулистон – Зобулистон ва Гандаҳоро ҳукмравоӣ мекарданд, инчунин, сиккаҳои як шоҳи бумӣ аз  хонаводаи Тегиншоҳиён тафсиру тавзеҳ мебахшад. Дар бахши дувум, ки аз қисматҳои «Вожаи «тожик», «Сангнабиштаи бохтарии Тангии Сафедаки Яковланг дар вилояти Бомиён (Афғонистон), «Хониш ва тафсири сангнабишта» иборатанд, пажўҳишгар нахуст дар хусуси калимаи «тожик» маълумот дода, бо истинод ба сангнабиштаи бохтарии Яковланг, воқеъ дар вилояти Бомиёни Афғонистон, сиккаи як шоҳи Хуросон бо лақаби ифтихоромези «Қайсари Рум, Худои бузург, Шоҳи тозикон» ва барге аз як нусхаи хаттӣ ба забони монавии портӣ, ки дар Олмон нигоҳдорӣ мешавад, андешаҳояшро ба таври муътамад баён мекунад. Ба таъкиди олим, соли 2003 ў огаҳӣ меёбад, ки дар маҳалле бо номи Тангии Сапедак дар Яковланги вилояти Бомиёни Афғонистон як сангнабиштаи тозаи бохтарӣ кашф шудааст. Як шаҳрванди англис бо номи Ҷонатон Ли мақомоти масъулро дар Кобул аз ин рухдод хабардор ва онҳоро маҷбур сохт, ки ин сангнабишта ба осорхонаи Кобул  оварда шавад. Сангнабиштаи дарёфтшударо, эроншиноси англис Николас Симс Виллиямс соли 2003 ба Кобул омада, мавриди мутолиа ва омўзиш қарор медиҳад. Муҳаққиқ Ғулом Ҷелонии Доварӣ худ аз пайи омўзишу таҳқиқи ин сангнабишта шуда, соли 2003 ҳамроҳи оқои Андарободӣ ба Бомиён ва сипас, аз он ҷо ба Олмон сафар карда, натиҷаҳое аз ин пажўҳиш ба даст меорад. Пажўҳишгар дар мавриди чӣ тавр кашфу дарёфт гардидани ин сангнабишта муфассалан  ҳарф зада, хидмати Питер Швитекки олмониро, ки бо мақсади мубориза бо бемории сил ҳамроҳи ҳамсару писараш ба Афғонистон (Ҳазораҷот) омада буданд, дар ин боб махсус зикр менамояд. Ҳамин тариқ, баъд аз тадқиқоти бешумор, ки тавъам бо заҳмати бепоён будааст, олими нуктасанҷ дар тафсири илмии Симс Вилямс, ки сангнабиштаи Яковлангро мавриди таҳқиқ қарор дода будааст, иштибоҳотро дарёфт мекунад. Ў менависад: «Яке аз нукоти муҳимми таърихӣ дар ин сангнабишта зикри ном ду қавм аст,  ки бо ҳам якҷо зикр мешаванд. Оқои Симс Виллиямс онро «Подшоҳи турк ва подшоҳи араб» тарҷума мекунад. «Ба боварии комили  Ғулом Ҷелонии Доварӣ, шакли имрўзаи ном, бо ҳарфи «к» мебошад, яъне тозикон (муарраб: тоҷикон), ки ба забони  суғдӣ бисёр наздик аст. Дар шарҳи сангнабиштаи Яковланг муаллиф ба натиҷае мерасад, ки номи қавмии «тозиг» ба шакли овоии тозик дар баъзе аз сиккаҳо низ дида мешавад. Аз ҷумла, дар сиккаҳои марбути шоҳи Сосонӣ – Хусрави 11 (590 -625 мелодӣ). Муҳаққиқ ҳадс мезанад, ки ин сиккаҳо дар даҳаи 60 мелодӣ кашф шудаанд. «Пас, - мегўяд муаллифи рисола, ин сиккаҳо шавоҳиди арзишманданд дар мавриди мавҷудияти як шоҳи бумии муқтадир, ки лақабаш  «tajikano  xaro,» - «шоҳи тозикон» аст ва ин лақаб билмуқобил таъйид мекунад, ки ин мафҳум (таркиб) дар сангнабиштаи бохтарии Яковланги Афғонистон чизи дигаре наметавонад таъбир шавад, ҷуз аз шоҳи тозик (муарраб: тоҷик). Бояд хотиррасон намуд, ки Ғулом Ҷелонии Доварӣ дар тафсиру тадқиқи илмии сангнабиштаи зикршуда ва муқоисаи он бо сиккаҳои давраи Сосониён заҳмату ранҷи фаровон кашида, ба матни сангнабишта тавзеҳоти худро баён намудааст. Вай бо талошу ҷаҳд ва ғайрату ҳавсалаи зиёд ба сатрҳои 1-13 шарҳу тавзеҳ додааст, ки аз дониши амиқ ва қобилияти бузурги муаррихию забондониаш шаҳодат медиҳад. Дар китоб фасли манобеъ ва понавиштаҳои бахши нахуст ва  бахши дувум ҷой дода шудаанд, ки дорои далоилу маълумоти наву омўзандаи таърихию забоншиносӣ буда, ба олимону муҳаққиқон дар масъалаи таҳқиқи илмии вожаҳои гуногуни забонҳои қадимаи форсӣ ҳамчун сарчашмаи муътамад хидмат карда метавонад. Дар маҷмўъ, рисолаи илмии муҳаққиқи донишманд Ғулом Ҷелонии Доварӣ – «Таҳлили забонӣ ва таърихии  вожаи «тожик» (бар мабнои осори кашфшуда) саҳифаи тозаест дар омўзишу равшан сохтани вожаи «тоҷик» ва марҳалаҳои таърихии рушду таҳаввули он ва ба ин васила, тааҳуд дар масъалаи қадимтарин миллат будани тоҷикон.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш