Нашрияи Омӯзгор

Нахустхишти пойдевори кохи миллат

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Забон хишти аввалини кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Забон қуввату матонати азимеро дорост, ки бунёдаш қавию тавоност ва барҳақ, муҳимтарин воситаи муоширати байни одамон эътироф гардидааст. Ҷомеа ва забон ҳамзамон  пайдо шуда,  ташаккул ёфтаанд ва падид омадани  ҳар ду ҳам бо заҳмату фаъолияти одамон алоқамандӣ дорад. Маҳз дар натиҷаи заҳмату фаъолият инсоният ба пешравиҳо ва  дастовардҳои  назаррас  ноил гаштааст. Ҳар қадар ҷомеа пеш равад, рушд кунад, инкишоф ёбад, забон низ ҳамон қадар рушду инкишоф хоҳад ёфт.

Воқеан ҳам, забон яке аз муҳимтарин унсури муайянкунандаи побарҷойии  миллат, омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадманди мо аст:

Дар тани миллат чу ҷон бошад забони модарӣ,

Беҳтарин ганҷи ҷаҳон бошад забони модарӣ.

Миллате, ки мекунад хораш, бигардад бенишон,

Появу ному нишон бошад забони модарӣ.     

Забони тоҷикӣ беҳтарин ганҷ ва бузургтарин неъмати халқи фарҳангсолору тамаддунофари мост, зеро он тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи моро ифода мекунад. Мо таърих ва фарҳанги куҳанбунёди хеш, матнҳои беш аз ҳазору дусадсола, эҷод  ва осори ҷовидонаи садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари тоҷикро имрўз маҳз бо ин забони нобу шево мехонему мефаҳмем, зеро “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.

Хушбахтона, имрўз дар кишвари мо эътибор ба забони модарӣ дар сатҳи баланд аст ва  заминаҳои бунёдии он – нумў ёфтани ифтихори миллӣ, кашфи  роҳу василаҳои амалӣ кардани тадбирҳо доир ба таҳкими пояҳои иҷтимоии давлат  ва рушди забон дурандешона ва хирадмандона тарҳрезӣ гардидааст, чунки  «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Оре, бо шарофати истиқлол, ки имсол 30-солагии ин  “рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикро” ҷашн гирифта истодаем,  дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забон  дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон рўз аз рўз афзун шуда истодааст. Маҳз бо  иқдому ташаббус,  бо ибтикору пайкор ва бо сарварию роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба ин дастоварду нусрат расидааст. Сарвари кишвар аз ин лиҳоз чунин иброз доштанд: “Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки дар тўли сӣ соли соҳибихтиёрӣ барои таъмин намудани пешрафти забони тоҷикӣ ҳамчун нишонаи возеҳи ҳастии миллати тоҷик ва асоси маънавиёту худшиносии тоҷикон корҳои назаррас анҷом дода шуданд”.

Асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат – ҳастии миллат” дар илми забоншиносию тоҷикшиносии ватанию ҷаҳонӣ мақоми меҳварию бунёдӣ пайдо кард. Дар ин шоҳасар таъкидан хусусияти муҳимми ин забон  нишон дода шудааст: “Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳимми забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофаринии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид. Сифати дигари забони мо тавоноӣ ва рақобатпазирии он аст».

Ҳамчунин, барои таъмини пешрафти ин рукни асосии пойдории миллат бунёду таъсиси муассисаҳои таълимии томактабӣ, умумӣ, коллеҷу литсейҳо, донишгоҳу донишкадаҳо,  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, симо ва садои миллӣ, шўроҳои илмӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  баргузории олимпиадаҳо, озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурўғи маърифат» тасдиқи барномаҳо дар ин самт, аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» (аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647) ва амсоли инҳо нақши барҷаста доранд.

Бояд гуфт, ки  дар бахтномаи миллат – Конститутсия ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудани забони тоҷикӣ боиси сарфарозист. Ҳамчунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “Қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эълон шудани Рўзи забони давлатӣ боз як қадами муҳим дар роҳи эҳтирому бузургдошти забони тоҷикӣ ва боз ҳам тавсеа бахшидани вазифаҳои ҷамъиятии он гардид”. Пешвои миллат, ҳамзамон қайд карданд, ки эҳтироми мардуми соҳибмаърифати мо ба китобу китобхонӣ яке аз  омилҳои асосии пойдорӣ ва густариши забони адабии тоҷикист. Аз ин ҷост, ки “Бамаротиб зиёд гардидани чопи китобҳои нав, бознашри асарҳои мондагори нависандагону шоирони классику муосири тоҷик, аз ҷумла, силсилаи «Ахтарони адаб», инчунин, осори адибони номвари ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ на танҳо ба рушди забондониву суханронии оммаи васеъ, балки ба густариши худогоҳии миллӣ, тавсеаи ҷаҳони маънавӣ, боз ҳам боло рафтани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, махсусан, насли наврасу ҷавон ва арҷгузорӣ ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд”. Иқдомоти  навину мондагор ва сазовору шоистаи таҳсин, ки ҳоло дар ин росто амалӣ гардида истодааст, бо супориши Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Забони модарӣ оинаи таърих ва давлатдорӣ,  беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат, омили муҳими иттиҳод аст. Ҳамагон бояд хуб бидонем, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст ва ҳамеша бикўшем, ки дар дилу дидаи наврасону ҷавонон ҷо гирифтани ҳисси  ҳифз ва эҳтироми самимӣ  ба забони модарӣ  ҷовидона ва абадӣ бояд бошад, яъне ин забон аз насл ба насл поку беолоиш ва  бегазанд ба мерос гузарад ва бояд ин суханони Пешвои миллатро аз Паёми солҷашн шиори ҳамешагии хеш бидонем: “Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад.  Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омўзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кўшиш ва ғамхорӣ намоем. Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандўст, аз ҷумла, падару модарон, омўзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад».

Боиси хушнудист, ки имсол мардуми шарафманди кишвар  Рўзи забонро дар ҳамбастагӣ бо идомаи тантанаҳо  ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо шукўҳу  сарафрозӣ ҷашн мегиранд. Мо бояд  дар пайравӣ ба Пешвои миллат сидқан барои  пешрафту шукуфоии забон,  ки мероси аҷдодон асту инъикосгари табиат ва оҳанги гуфтори миллӣ  ва шуури миллист,  талош варзем. Бикўшем, ки пояи забони модарӣ устувор бошад, ҷовидон чун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ, ки дорои манзалати давлатист,  бимонад, омўзиши ин забон босифат ва пурсамар бошад, ҷараёни омўзиши забон ҳам барои соҳибзабонон ва ҳам барои дигарон бо равиши наву муосир роҳандозӣ гардад, китобу дастурҳои илмӣ бо назардошти ҳифзи аслияти забон таҳия гарданд, барои омўзиши амиқи ин забон луғатномаҳои пешину муосир ба таври муқоиса мавриди истифода қарор гиранд, тарзи гуфтор ва тарзи навиштор бо ҳам  чун омезиши ширу шакар  бошанд, ҳусни баёни ин забон  ҳамеша риоя гардад, ҳамагон дар иҷрои рисолати ҷамъиятии хеш пешсаф бимонанд.

 

Жило Гулназарзода,

доктори илми филология, ректори

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш