Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои рушду таҳаввули забон ва омўзиши он тамоми имконияту шароитҳо муҳайё шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки дар кишвар барои ҳифзи забони давлатӣ ва забонҳои дигар фазои мусоид ба вуҷуд меоранд. Аз ҷумла, яке аз ин иқдомҳои нек қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» мебошад. Дар ҳамин замина, чанде пеш ҳолати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод мавриди омўзиш қарор дода шуд. Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои амалисозии қонуни мазкур комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон » бо қарори ҳайати мушовараи шўрои маорифи ноҳия иборат аз 7 нафар таъсис дода шудааст. Комиссияи забон низомнома ва нақшаи чорабиниҳои худро дошта, аз рўи он фаъолият мекунад. Ҷаласаҳои комиссия мутобиқи нақшаи корӣ дар се моҳ як маротиба гузаронида мешаванд. Комиссия аз рўи ваколатҳои худ дар муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои зиёдро анҷом дод, аз ҷумла, доир ба иҷрои талаботи қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи забони давлатӣ, таблиғотиву ташвиқотӣ миёни омўзгорони муассисаҳои таълимиро оид ба сиёсати забон, ташкили гўшаи забон, Қоидаи имлои забони тоҷикӣ ва лавҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораандешӣ намуд. Дар муассисаи таълимии №4 (директораш М. Алиев) Комиссияи татбиқи Қонуни мазкур бо фармоиши директори муассиса дар ҳайати 5 нафар таъсис дода шудааст. Бо ибтикори аъзои комиссияи забон дар муассиса, дар байни хонандагони синфҳои 5-11 озмунҳои «Шеърхони беҳтарин», «Имлонависи беҳтарин», «Луғатдони беҳтарин» ва ғайра гузаронида шуда, ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар муассиса мунтазам ҳафтаҳои фаннӣ гузаронида мешаванд. Омўзгорони муассиса кўшиш ба ҳарҷ медиҳанд, ки дарсҳоро бо забони адабии тоҷикӣ гузаронида, хонандагонро водор намоянд, ки бо забони давлатӣ муошират намоянд. Дар муассисаҳои таълимии №18 (директораш Ш.Камолов) ва №39 (директораш А.Саидов) Комиссияи татбиқи забони давлатӣ фаъолият назаррас дошта, тамоми чорабиниҳои мактабӣ ва ҳуҷҷатдории мактаб зери назорати доимии комиссия мебошад. Бо ибтикории аъзои комиссия ва омўзгорони забон ва адабиёти тоҷик дар мактаб озмунҳои «Забондон», «Зарбулмасалдони беҳтарин», «Иншои беҳтарин» гузаронида мешавад. Ба ҳамаи ин муваффақиятҳо нигоҳ накарда, ҳоло ҳам дар ҳар ду муассиса байни омўзгорону хонандагон муошират бо лаҳҷаи маҳал сурат мегирад. Хонандагон ҳангоми нақл намудани матни ҳикоя ё қисса бо калимаҳои шевагӣ фикрашонро мегўянд. Ё ин ки дар вақти навиштани калимаҳо ҳиҷоро аз як сатр ба сатри дигар гузаронида наметавонанд. Раванди амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон » дар ноҳияи Муъминобод низ мувофиқи матлаб нест. Боиси нигаронист, ки дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳия рафти амалишавии Қонуни мавриди назар бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Комиссияи забон бо ном фаъолият дорад. Омўзгорону хонандагон дар вақти муошират ҷавоб ва дар машулиятҳо бо забони адабӣ гуфтугў намекунанд. Фаъолияти комиссияи амалисозии забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимии №№ 8, 6 ва 37 тибқи нақшаи солонаи комиссия ба роҳ монда шудааст.
Шариф АБДУЛҲАМИД, «Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр