Нашрияи Омӯзгор

Пешвои миллат ва рушду такомули забон

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 849        Шарҳ: 0

 

Забону фарҳанг ҷузъи ҷудонопазир ва рукни муҳимми сиёсати  давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, ба хотири рушду такомул бахшидани  арзишҳои моддию маънавӣ ва гиромидошти рукнҳои муҳимми давлатдорӣ аз ҷониби ҳукумат ва Давлати Тоҷикистон  пайваста тадбирҳои амалӣ  андешида мешавад.

5 октябри соли 2009 бо тағйироту иловаҳо аз нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани  «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 4 октябри соли 2011, таҳти №458 саҳифаи дурахшонест, ки таърихи забони тоҷикиро оро дода, нақши Истиқлоли давлатиро  дар густариши забони давлатӣ инъикос мекунад.  Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад».

Таъсис додани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили комиссияи давлатии татбиқи Қонуни забон иқдоми шоистаест, ки ба хотири  татбиқи сиёсати давлатӣ дар роҳи ҳифзи забони миллӣ роҳандозӣ шудаанд.

Дар  даврони соҳибистиқлолӣ  забони тоҷикӣ  ба забони асосии раванди таҳсил дар зинаҳои гуногуни илму маориф ва воситаҳои ахбори омма мубаддал гардид. Истифодаи самарабахши забони давлатӣ  дар тамоми зинаҳои соҳаи маориф имкон медиҳад, ки забони мо ҳам дар сатҳи таълим ва ҳам дар сатҳи илмӣ  густариш пайдо кунад, чунки таҳияи садҳо ҳазор китобу воситаҳои таълимӣ  бо забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳоти истифодашаванда дар ин воситаҳои таълимӣ  имкон медиҳад, ки забони илмии тоҷикӣ  ҳам дар бахши  илмҳои иҷтимоӣ  ва ҳам дар бахши илмҳои дақиқ поягузорӣ  шавад.

Асари пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» пешоҳангиву пуштибонии ин сиёсатмадори абарқудратро роҷеъ ба мақоми таърихии забони тоҷикӣ барҷаста ифода кардааст.  Асари мазкур дар баробари инъикоси таърихи ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллиамон аз ҷониби ниёгон, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ   саршори муҳаббати самимии муаллиф ба забон ва  соҳибони он мебошад. Муаллиф чунин таъкид намудаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ  ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». 

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии  “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 14-уми феврали соли 2019 интишор ёфт, ки ҳадаф аз ин падида пос доштани рисолати неки гузаштагон ва тавассути осори гаронмояи гузаштагону муосир бо фарҳангу забони устувори миллӣ   ба мерос гузоштани ояндаи босуботи кишвар ба наслҳои оянда мебошад.  Дар сиёсати забонгустарии Президенти кишвар амалӣ намудани ин ҳадаф аз оғози давлатдорӣ ба миён омада, ба таври ҳамешагӣ талош меварзанд ва таъкид кардаанд: “Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғаноманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаҳои ҳаётбахш канда шудааст” 

Чунончи, аз ҷараёни таърихии таҳаввули забони тоҷикӣ бармеояд, дар рафти ташаккули халқи тоҷик ва инкишофи забони он ду раванди ба ҳам марбутро мушоҳида кардан мумкин аст: аз як тараф, забон ва воҳидҳои луғавии он барои инкишофи фарҳанги суннатии тоҷик мусоидат карда бошад, аз тарафи дигар, инкишофи фарҳанг боиси тавсеа ва ғановати забони тоҷикӣ, бахусус, таркиби луғавӣ ва низоми истилоҳоти он гардидааст. Бо мақсади рангу ҷило бахшидани забони адабиёт, илм ва матбуоти тоҷик, инкишофу такомул ва тағйиру таҳаввул, пайдоиши мафҳумҳои наву тоза бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо фарогири таркибҳои забони тоҷикии давраи классикӣ ва муосир китоби дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” таҳия гардид.  Забони тоҷикӣ   дар  муттаҳид сохтани тоҷикони ҷаҳон  низ нақши муассир мегузорад. Ин ҳама падидаҳои соҳибистиқлолӣ аст, ки   имконият фароҳам овард  забони тоҷикӣ  қавитар ва таҳқиқу омўзиши он осонтар гардад.

Умуман,  дар сиёсати забонгустарии Пешвои миллат дар  савияи баланд омўхтани забони давлатӣ – омили  муҳимми устувории давлат, сулҳу осоиштагӣ, пешравии истеҳсолот ва ташкили  зиндагии шоста маҳсуб меёбад. Бо талошҳои созандаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ  ба арсаи байналмилалӣ  баромада, имрўз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад.  Воқеан, ифтихору саодати ҳар як тоҷик аст, ки имрўз Роҳбари давлат бо забони ноби тоҷикӣ  аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ  сухан мегўянд ва аз ҳастии давлату миллат ва забони тоҷик мужда медиҳанд. Маҳз сиёсати наҷибона ба  густариши забони давлатӣ ва  муаррифии он  дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кард.

Асари Эмомалӣ Раҳмон “Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат” асарест, ки маҷмўи мақола, суҳбатҳо  ва суханрониҳо зимни ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ,  таҷлили ҷашнҳои миллӣ,   мулоқот бо қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, зиёиён, донишҷўён ва  омўзгоронро  давоми соҳои 1993-2006  дар бар мегирад. Дар ҳар як саҳифаи асар нигоҳи  Сарвари давлат ба масоили забони давлатӣ равона  шуда,  нишонгари пуштибониву ҳомигиашон нисбат ба ҳифзу гиромидошти унсури муқаддасамон аст.  Дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф моҳи декабри соли 2005 зикр кардаанд: “Мо бояд кўшиш намоем, ки наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, забони шевои тоҷикиро, ки нишони ҳастии миллат аст, аз худ кунанд, истифодаи онро дар тамоми давраҳои фаъолияти худ озодона таъмин карда тавонанд ва ба густариши забони давлативу тафаккури миллӣ ҳукмрон гардидани он мусоидат намоянд”.

Дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» зикр менамоянд: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст». Дар китоби сеюми ин асар бошад, таъкид шудааст: «…таърихшиносон ба номи қабилаи та-юеҷи таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иртиботи онро бо ҷанбаҳои этникии пайдоиши забони ниёгони тоҷикон ва истилоҳи тоҷик мавриди тадқиқ карор бидиҳанд».

Имрўз забони мо вориди марҳалаи сифатан нави инкишофи худ гардидааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии он бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ  водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит кўшиш кунем, ки рисолати забони худро ҳифз намуда, ҷараёни табиии инкишофи онро таъмин намоем. Мероси бузургу гаронбаҳои адабӣ, фалсафӣ  ва динии ниёгон ва  дастовардҳои донишмандони ҳамзамону ҳамзабонони мо, ки имрўз бидуни ҳеҷ  маҳдудияти сиёсиву мафкуравӣ  мавриди баҳрабардории мутахассисони кишвари мо қарор гирифтаанд, дастоварди дигари сиёсӣ  ва фарҳангии  давлати  ҷавони мо дар ин солҳо ба ҳисоб меравад. 

 

Башорат Ҳакимова,

сардори шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ, н.и.ф., дотсент

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш