30 сентябри соли ҷорӣ дар толори хурди раёсати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бахшида ба Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши онлайнӣ дар мавзуи “Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо” баргузор гардид. Дар кори ҳамойиш олимону шарқшиносон тариқи онлайнӣ аз кишварҳои Россия, Бангладеш, Туркия, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Ўзбекистон, Қазоқистон ва Норвегия иштирок ва маърўза намуданд.
Дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Шарифҷон Тоҷибоев ҳамоишро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки дар баробари муҳаққиқини ватанӣ як зумра донишмандони хориҷӣ низ осори Мавлоноро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаанд.
Сипас, тибқи барномаи ҳамоиш маърўзаҳои доктори илмҳои филологӣ Т.Султонзода дар мавзуи “Шинохти рўзгору осори Ҷалолиддини Румӣ дар замони истиқлолияти Тоҷикистон”, адабиётшинос ва шарқшиноси маъруфи рус, профессор Н.И.Пригарина дар мавзўи “Румӣ в поэзии Мухаммада Икбала и Мирзо Галиба”, профессор А.М.Саркор “Шинохти Мавлоно дар Бангладеш”, профессор А.Темизел “Фаъолияти илмӣ ва фарҳангӣ дар бораи Мавлоно дар Қуния”, профессор Аҳмад Иштиёқ “Мавлоношиносӣ дар Ҳинд”, профессор С.Иброҳимов “Суфийские афоризмы в поэзии Руми”, Х.Ҳамидов “Таснифи манобеи ҳикоятҳои “Маснавии маънавӣ”, доктор Ғ.Қамбарбекеова дар мавзуи “Ҷойгоҳи Мавлоно дар адабиёти қазоқӣ” суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд.
Зайнаб Ҳусейнова
Иловакунӣ
Иловакунии фикр