Нашрияи Омӯзгор

Арзишҳои ахлоқӣ дар “Маснавии маънавӣ”

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 847        Шарҳ: 0

 

Чун ба собиқаи шеъру шоирӣ ва хосса шеъри ирфонӣ назар меафканем, возеҳамон мегардад, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳам идомабахши ҳамон шеъри суннатӣ ва ирфонии волои ниёгонамон буда, на танҳо рисолати хешро ба ҳайси як шоир, балки ба сифати як шахсияти маърифатгаро, фақеҳу ориф ва мураббӣ анҷом додааст. Албатта, шеър аз шуур асту огоҳии дил ва ҳамон касе шоиставу сазовори фаҳму идроки онро дорад, ки дилогоҳ асту ҳамнафаси комилону оифони вораста ва қалби салимро Каъбаи мулки колбад қарор дода, онро аз авсофи замима поку муназзаҳ сохтааст.

Дило, назди касе биншин, ки ў аз дил хабар дорад,

Ба зери он дарахте рав, ки ў гулҳои тар дорад.

Дар ин бозори атторон марав ҳар сў чу бекорон,

Ба дуккони касе биншин, ки дар дуккон шакар дорад…

Дар воқеъ, шеъри орифона, ки аслан бар мабнои оёти Қуръон ва каломи бузургон сурат мегирад, як василаи камолбахш буда, дар он андешаи инсонсозу маърифатпарварона дарҷ гардида, хонандаро низ ба самти иршоду маънавиёт раҳнамоӣ мекунад.

Ҳар ки бошад ҳамнишини дўстон,

Ҳаст дар гулхан миёни бўстон.

Ҳар ки бо душман нишинад дар заман,

Ҳаст ў дар бўстон дар гулхан.

Дўстро м-озор аз мову манат,

То нагардад дўст хасму душманат...

Чунки кардӣ душманӣ, парҳез кун,

Машварат бо ёри меҳрангез кун.

Аҳли дил ва арбоби сидқу сафо аз боби ақлу хирад ва иршоду маърифат суханҳое мондагор гуфтаанд, ки агар адабиёти ирфониро аз ибтидо то интиҳо дар тавозуни ақл қарор диҳему баркашем, бидуни шубҳа, ҷазабаву авсофи аҳли дилу маориф гарон меояд:

Аҳли дил Хуршеду аҳли гил – ғубор,

Аҳли дил – гул, аҳли гил хор омаданд.

Ғам махўр, эй мири олам, з-ин гурўҳ,

К-аҳли дил дилбахшу дилдор омаданд...

Ҳалқа-ҳалқа ошиқону бедилон,

Бар умеди бўйи дилдор омаданд.

Орифон аз хеш бехеш омаданд,

Рисолати Мавлоно низ рисолати инсонсозиву инсонпарварист, ки ба шахсияти ў робитаи ногусастанӣ дошта, ҳамеша инсонро ба роҳи дурусту наҷот аз шақоват ҳидоят менамояд. Дар андешаи Мавлоно тарбияи инсон дар рўҳияи дўстиву рафоқат ва муҳаббату садоқат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ муҳимтарин василаи саъодатмандии ўст, ки ҳамеша ниёз ба такмилу назорат дорад:

Хидмати бе дўстиро қадру қимат ҳаст? Нест!

Хидмат андар даст ҳасту дўстӣ дар даст нест!

Дўстӣ дар андарун худ хидмате пайваста аст,

Ҳеч хидмат ҷуз муҳаббат дар ҷаҳон пайваст нест.

Дар тамоми адвори торих аҳли адаб ва умуман, мутафаккирин, кўшиш ба харҷ додаанд, ки роҳҳои таълиму тарбия ва камолоти маънавии инсонро пайдо намуда, ўро аз хабосату разолати нафси аммора огоҳ созанд, то саодати абадӣ насибаш гардад. Ҳамин вазифаи муқаддаси инсониро дар ашъори Мавлоно метавон дучор шуд. Аз ҷумла, дар мавриди шинохти ҳадду ҳудуд ва мақому мартабаи инсон дар асари гаронмояаш “Фиҳи мо фиҳи” мефармояд: “Одамӣ азим чиз аст. Дар вай ҳама чиз мактуб аст (вале), ҳуҷубу зулумот намегузорад, ки ў он илмро дар худ бихонад. Ҳуҷубу зулумот ин машғулиҳои гуногун асту тадбирҳои гуногуни дунё ва орзуҳои гуногун. Бо ин ҳама, ки дар зулумот асту маҳҷуби пардаҳост, чизе мехонад ва аз он воқиф аст. Бингар, ки чун ин зулумоту ҳуҷуб бархезад, чӣ сон воқиф гардад ва аз худ чӣ илмҳо пайдо кунад...

Имрўз ҷомеаҳои мутамаддин ба арзишҳои ахлоқиву отифӣ ниёзи бештаре доранд ва бояд бо замонати ҳамин отифаҳои зеҳнӣ насли нав тарбият шавад. Вале, дар баробари ин, боз мушкилоти зиёди ахлоқӣ ва итоат аз нафси аммора, такаббуру тафохури бемаврид вуҷуд дорад, ки метавонад инсониятро мубталои нокомиҳо сохта, ўро аз маънавиёту камол маҳрум созад.

Ин такаббур заҳри қотил дон, ки ҳаст,

Аз майи пурзаҳр шуд он гиҷ маст.

Чун майи пурзаҳр нўшад мудбире,

Аз тараб як дам биҷунбонад cape.

Баъди як дам заҳр бар ҷонаш фитад,

Заъф дар ҷонаш кунад доду ситад?

Маҳз тарки ҳамин хислатҳои ношоиста аст, ки инсонро аз мушкилоти ботиниву зоҳирӣ наҷот бахшида, ўро сафову камол мебахшад:

Кибру такаббур бигузору бигир,

Дар ивази кибр чунин кибриё.

Пок шав аз хешу хама хок шав.

То ки зи хоки ту бирўяд гиё.

Ҳусайн Воъизи Кошифӣ, ки аз ҷумлаи шореҳини “Маснавӣ” маҳсуб мешавад, дар ин маврид фармудааст: “...Бидон, ки нафси аммора бадтарин душман аст ва онро бадтарини душманон бидон, ба сабаби он ки ҳар душманеро, ки бо вай эҳсон кунӣ, дўсти ту гардад, магар нафс, ки чандон ки бо вай мадоро беш куниву ба мутобиати ў зиёда майл намоӣ, ў бо ту мухолифат бештар кунад, чаро ки аз ёфтани мурод қувват меёбад ва модом ки ў қавист, дил заъиф аст. Пас, то солик бути нафсро нашканад, Халилвор ба иморати дил, ки ҳарими муҳтарам аст, муваффақ нагардад”?

Модари бутҳо бути нафси шумост,

З-он ки он бут мору ин бут аждаҳост.

Оҳану санг аст нафсу бут шарор,

Он шарор аз об мегирад қарор...

Нафси худро куш, ҷаҳонро зинда кун,

Хоҷаро куштаст, ўро банда кун?

Мавлоно зимни баёни андешаҳояш аз арзишҳои ахлоқиву маънавии тамаддунҳои гузашта ва ривоёти бузургони илму адаб низ илҳом гирифтааст, ки хонанда онро зимни мутолиа эҳсос менамояд. Аз ҷумла, дар фазилати ақл, ки яке аз муҳимтарин васила ва неъматҳои гаронмоя дар идора кардани нафс аст, мегўяд:

Эй хунук чашме, ки ақласташ амир,

Оқибатбин бошаду ҳабру қарир.

Ақли ман ганҷ асту ман вайронаам,

Ганҷ агар пайдо кунам, девонаам.

Ғайри фаҳму ҷон, ки дар гову хар аст,

Одамиро ақл ҷоне дигар аст.

Боз ғайри ҷону ақли одамӣ,

Ҳаст ҷоне дар валии он дамӣ.

Ҷони ҳайвонӣ надорад иттиҳод,

Ту маҷў ин иттиҳод аз рўҳи бод.

Ҷони гургону сагон ҳар як ҷудост,

Муттаҳид ҷонҳои шерони Худост?
Ё худ дар мавриди шарафи қаноат ва мазаммати ҳирсу тамаъ мефармояд:

Гуфт пайғамбар: «Қаноат чист?

Ганҷ»,

Ганҷро ту вонамедонӣ зи ранҷ.

Ин қаноат нест ҷуз ганҷи равон,

Ту мазан лоф, ай ғаму ранҷи равон!

Чун қаноатро Паямбар ганҷ гуфт,

Ҳар касеро кай расад ганҷи нуҳуфт?

Ҳамчунин, Мавлоно роҷеъ ба фазилати ҷўду сахо ва сифати бахшандагии инсон, ки аз ҷумлаи ахлоқи ҷавонмардист, мегўяд:

Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд,

Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, ҷонат диҳанд.

Гуфт Пайғамбар, ки ҳар кӣ аз яқин,

Донад ў подоши худ дар явми дин.

Ҷои дигар вобаста ба хулқи нек, он ахлоқе, ки Худованд дар Қуръон ба Расули акрам (с.) нисбат дода, онро «хулқи азим» хондаасту дар воқеъ, арзиши олӣ дорад, тавзеҳ медиҳад: аввал чизе, ки ба мизони ҳисоб санҷанд, ахлоқи ҳасана бошад ва баъд аз он аъмоли ҳасана:

Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷў,

Ҳеч аҳлият беҳ аз хулқи накў?

Мавлоно дар ҳошияву тавзеҳоти порчаҳои насри маърифатӣ, ки маъхази аслиашон оёти Қуръон ва аҳодиси набавӣ аст, хулқи ҳасанаро тавсиф намуда, онро василаи наҷоти инсон аз мушкилот ва расидан ба дараҷоти камол медонад: 

Ҳар киро хулқи накў бошад,бираст,

Хар касе, к-ў шишадил бошад, шикаст?

Мавлоно дар “Маснавӣ” ҳамчунин роҷеъ ба фазилатҳои неки инсонӣ, аз қабили сабр, ризо ва арзиши онҳо ибрози назар намудааст: 

Сабр кун, дар мўзадўзӣ ту ҳанўз

В-ар бувӣ бесабр, гардӣ порадўз.

Кўҳнадўзон гар будишон сабру ҳилм,

Ҷумла навдўзон шудандӣ ҳам ба илм.

Ҳар кӣ охирбин бувад масъудвор,

Набвадаш ҳар дам зи раҳ рафтан исор.

Донишу тамйиз ва таҷриба аз ҷумлаи чизҳоеанд, ки инсонро дар доираи чаҳорчўбаи рўзгор аз ҳама гуна шакасту офот ҳифз менамоянд:

Феъли оташро намедонӣ ту бард,

Гирди оташ бо чунин дониш магард.

Илми дегу оташ ар набвад туро,

Аз шарар на дег монад, на або.

Чун надонӣ дониши оҳангарӣ,

Ришу мў сўзад, чу он ҷо бигзарӣ...

Асл бинад дида, чун акмал бувад,

Фаръ бинад, чунки мард аҳвал бувад.

Гар туро он ҷо барад, набвад аҷаб,

Мангар андар аҷзу бингар дар талаб.

Авсофи замима, аз қабили кибру ҳасад, бухлу нотавонбинӣ, ҳирсу оз, қаҳру ғазаби бемаврид, қасами ноҳақ, таҷассусу бадгумонӣ, ғайбату суханчинӣ, зулм, рибо ва амсоли инҳо мудҳиштарин сифотеанд, ки барои инсон дар масири расидан ба камолот монеа эҷод мекунанд.

Бигў он ҳирсу ози роҳзанро,

Ки макру баднамоӣ маслиҳат нест.

Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон,

Туро бедаступоӣ маслиҳат нест.

Чу поят менамонад, пар диҳандат,

Ки бепардарҳавоӣ маслиҳат нест...

Аз ин чанд намунаи ашъори Мавлавӣ”, ки мавриди баррасӣ  қарор дода шуд, аён гашт, ки ашъори Мавлонои ширинкалом паҳнои бекаронеро мемонад ва аз ин ҷост, ки таҳқиқи андешаву орои ў пажўҳиши жарфтареро аз аҳли қалам тақозо менамояд.

Каломи ҷонбахши Мавлоно имрўз аз мо танҳо амалро тақозо дорад, зеро маҳз ҳамин костагиҳои ахлоқӣ ва ноогоҳӣ аз асолат хеш аст, ки иддае аз фарзандони  мо ба бебандубориву ваҳшоният ва парокандагиву ҳавои нафс мубтало гардида, илоҷи раҳоиро гум кардаанд.

Саидолим Комилҷон Саидмирзо,

номзади илмҳои филологӣ, устоди кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ (аз китоби «Офтоби тарбият»)


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш