Ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода роҳбари Фонди «Барои зиндагии беҳтар» Ҷалол Султонро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масъала оид ба масоили дастгирии донишҷўёни дорои имконияташон маҳдуду ниёзманд, пардохти ҳаққи таҳсилу расонидани кумаки молиявӣ ба онҳо ва фароҳам овардани дигар шароиту имкониятҳо баҳри донишҷўён суҳбати судманд доир гардид.
Профессор Гулзорхон Юсуфзода зикр намуд, ки донишҷўёни имконияташон маҳдуд ва ниёзманд таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд. Роҳбари Фонди «Барои зиндагии беҳтар» Ҷалол Султон арз дошт, ки фонди мо омода аст, ки аз ҳисоби маблағи грантӣ ҳаққи таҳсили донишҷўёни имконияташон маҳдудро пурра ва донишҷўёни аз оилаҳои ниёзмандро қисман пардохт намояд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳам ҳамкории дуҷонибаи худро дар доираи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон давом хоҳанд дод.
Ҷ.Қозибеков,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр