Нашрияи Омӯзгор

Китоб ганҷу китобхона ганҷина аст

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Китобхона ҳамчун маркази ҷамъоварӣ ва нигаҳдории маводи илмию таълимӣ маҳсуб гардида, дар ҷомеа нақши муҳим ва муассире дорад. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва чандин китобхонаи дигар аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи давлату ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳад, зеро пешрафти фарҳанги китобхонӣ ва китобдорӣ дар ҷомеа василаи асосии рушди тамаддун ва шинохти мероси илмӣ- адабӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид бояд кард, ки дар замони кунунӣ  пешрафт ва тараққии расонаҳои интернетӣ назаррас бошанд ҳам, ҳеҷ кадоми онҳо ҷои китобхонаро гирифта натавонистаанд. Интернет дар солҳои 60-70-уми садаи XX пайдо шудааст, аммо осори бузурги илмӣ-адабӣ аз қадим то ба имрўз ҳам дар шакли дастхат ва ҳам дар шакли китоб дар китобхонаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Китоб ганҷ бошад, китобхона ганҷина аст. Пас маълум мегардад, ки ҷойгоҳи китобат ва ё китобхона дар ҷомеа барои рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа бисёр муҳим буда, аҳли хирад ҳамагонро пайваста ба ҳифзи кутуб ва китобати он даъват намудаанд.

Бояд гуфт, ки айни ҳол дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1400 китобхонаи оммавӣ фаъолият дошта, инчунин, дар саросари кишвар  мағозаҳои фурўши китоб рўз аз рўз зиёд шудаву фаъолияти ҳамешагӣ доранд. Месазад, ки дар ҳар як хонадон китобхонаҳои шахсӣ таъсис дода шаванд, то ки наслҳои имрўзу оянда, махсусан, наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омўзанд. Дар ин кор падару модарон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу зеҳни фарзандон бедор кунанд.

Имрўз китобу китобхона дар тарбияи насли наврасу ҷавонон, дар тарбияи хушахлоқии онҳо ва пешгирӣ аз ҳар гуна гароишу ҳаракатҳо, рафторҳои ношоиста саҳми сазовор дорад. Бо назардошти ин нукта, кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ баҳри тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи китобхонӣ дар байни хонандагон чорабиниҳои гуногуни шавқовар  баргузор намуда, дар тарбияи худшиносиву худогоҳии миллии хонандагон саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз мавқеи устувори китобхонаҳо ҳамчун маркази илму маърифат мебошад, ки ҳазорон хонанда роҳи дурустро дар зиндагӣ касб намуда, соҳиби касбу кор гардидаанд. Кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз он ифтихор доранд, ки хонандагони дирўзаашон имрўз сиёсатмадор, табибу дорусоз, омўзгору  олим ва мутахассисони соҳаи гуногун мебошанд.

 

Назар Баҳрулло,

корманди Китобхонаи

миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш