Нашрияи Омӯзгор

Оинаи таърих бояд беғубор бошад

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

 

Ҷаҳонишавии фарҳангҳо ва тараққиёти бесобиқаи техника миллатҳои гуногунро ба олами андешаҳои нав дохил кард. Агар як қатор миллатҳо (онҳое, ки навовару ихтироъкор ҳастанд) ин дигаргуниҳоро ба манфиати худ истифода бурда, зиндагонии худро боз ҳам зеботару фаровонтар сохта бошанд, фирқаву гурўҳҳое ҳам ҳастанд, ки дар гирдоби тақлид ва андешаҳои пучу ботил мондаанд. Ин тоифаи муқаллид ва зоҳирбин аз хирмани тамаддуни ҳазорсолаи башарият танҳо бо коху хасҳои нозарур, ки ақлу хирадро аз онҳо суде нест, қонеъ шудаанд. Шахси ифротӣ ва мутаассиб ба кадом ҳизбу ҷараёне, ки вобаста бошад, барои кулли башар зарарнок аст. Зеро ў ба ҳама чиз бо чашми хирабину каҷи таассуб нигоҳ мекунад ва ғайр аз худ касеву чизеро эътироф намекунад.

Хатари ифротгароӣ ва хурофотпарастии исломиёни иртиҷоӣ ҳар рўзу ҳар ҳафта зиёд шуда истодааст. Душманони дини  мубини ислом ҳам бо роҳҳои гуногун ба осиёби ин гурўҳи табоҳкору сиёҳандеш об мерезанд, онҳоро ба амалҳои экстремистию террористӣ тарғиб мекунанд.

Воқеаҳои як моҳи дар ҷумҳурии ҳамсояи мо - Афғонистон баамаломада нишон доданд, ки:

Аз бадон некуӣ наёмўзӣ,

Накунад гург пўстиндўзӣ.

Толибони сиёҳботин, террористони харобгар бо зўрӣ ҳокимиятро ғасб карда, ҳуқуқу озодиҳои мардумро поймол карданд. Дар асри 21, ки инсоният  Кайҳонро хонаи дуюми худ сохт, ин гурўҳи аҳриманкирдор аз русуми дақюнусӣ пайравӣ мекунанд. Дар чунин вазъият, ҳар як инсони хирадманд ба андеша меравад: чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин сиёҳкорони заҳҳоктабиат гирифта шавад?

Аввалин шарти пирўзии мо эҳтиёт кардани ваҳдати миллӣ аст. Ҳама сокинони мамлакат бояд худро дар пеши Ватан - Модар масъул донанд, вазифаи ба дўш доштаи худро содиқона иҷро намояд.

Дуюм, огоҳона омўхтани таърихи миллати тоҷик ва башарият.

Сеюм, робитаи мо бояд бо давлатҳои пешрафтаи Аврупою Амрико зичтар шавад.

Табиист, ки дар чунин вазъ масъулияти мактабу муаллим ҳам зиёдтар мешавад. Мо, омўзгорон, бояд дар ҳар як дарс, новобаста ба фан, шогирдонро дар рўҳияи ватандўстӣ, эҳтироми таърих, иззати падару модар ва аҳли ҷомеа тарбия намоем. Ҳар як дарси мо бояд дарси одамшиносӣ, маърифатпарастӣ ва одамият бошад. Хонандае, ки аз ҳақиқати таърих огоҳ аст, ҳеҷ гоҳ ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ намекунад, зеро ҷавҳари таъриху тамаддуни моро одамияту ҳақиқатписандӣ ташкил медиҳад. Маҳз ҳамин сифат ниёгони моро бар ҳама ҳаводиси ногувор пирўз кард.

Мо бояд бо  рўҳияи баланди ватанпарварӣ ба таълиму тарбия машғул шавем. Дар кадом поя будани мақоми миллат ва чӣ гуна будани оинаи таърих ба мо вобаста аст. Ҳар қадар ки ин оина шаффоф бошад, ба ҳамон андоза ҳақиқат равшантар намоён мегардад.

 

Хуршеда СОЛЕҲОВА,

омўзгори мактаби байналмилалии

шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш