Нашрияи Омӯзгор

Бинои нави мактаб дар ноҳияи Шуғнон

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додаанд, дар деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон то соли нави таҳсил бинои нави замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 мавриди баҳрабардорӣ  қарор мегирад.

Бинои муассисаи мазкур дар аввали солҳои шастуми асри гузашта бо усули ҳашарчигӣ сохта шуда, бар асари боронгариҳо соли гузашта бомаш фурӯ рафт. Маъмурияти муассисиаи таълимӣ маҷбур шуд, ки як гурӯҳи хонандагонро ба хонаи хусусӣ ва гурӯҳи дигарро ба мактаби деҳаи ҳамсоя кӯчонад.  Ҳукумати ҷумҳурӣ  ба сохтмони бинои нав шурӯъ кард. Арзиши харҷномавии бинои нави ин муассисаи таълимӣ 4 миллион сомониро ташкил дода, бунёди онро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Инвестрой» бар уҳда дорад.

Муҳандиси сохтмони мазкур Мамадсаид Сулаймоншоев гуфт, ки бинои таълимгоҳ аз 9 синфхона, толори маҷлис, утоқи омӯзгорон иборат буда, барои 225 хонанда пешбинӣ шудааст.

Назар ба иттилои раёсати рушди иқтисод ва савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, соли равон бунёди 192 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, 34 ададашон дар ноҳияи Шуғнон сохта мешаванд. Барои дар амал татбиқ намудани ин нақша аз буҷаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  55 миллиону 840 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

 

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш