Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар Кўлоб

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

5 октябр дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кўлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 оғози расмӣ бахшиданд.

Таълимгоҳ дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ гардида, бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфтааст ва он аз синфхонаҳои барҳавою замонавӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, барои таълиму тарбияи толибилмон лабораторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология ва физика ташкил гардидааст. Ба хотири омўзиши касбу ҳанар дар муассисаи мазкур, синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил ёфта, бо тамоми аёниятҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаву дигар ҳуҷраҳои  ёрирасон  мебошад ва  дар дохили  он ҳамчунин, ошхона бо имкониятҳои муосир ва толори варзишӣ ҷой дода шудааст. Барои фарогирии толибилмон ба китобхонӣ дар дохили иншоот, китобхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки дар он китобҳои фанниву бадеӣ дастрас мебошад.

Роҳрав ва дохили муассисаи таълимӣ бо санъати баланд бунёд ёфта, барои омўзгорон ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардидааст. Иншоот дар масоҳати як гектар замин бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, ҳудуди муассиса сафолакпўш карда шудааст. Ҳамчунин, дохили муассиса бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зиннат дода шудааст. Дар назди таълимгоҳ як майдончаи муосири замонавӣ бунёд ёфта, барои гузаронидани машғулиятҳои варзишӣ имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Зимни боздид Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаро боиси таҳсину дастгирӣ арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, ба хонандагон тавсия доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд, то дар оянда мутахассиси соҳибтаҷриба гарданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш