Нашрияи Омӯзгор

Зикри нуқсонҳо аз ғаразу нуктагирӣ нест

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 831        Шарҳ: 0

 

Маълум аст, ки Тоҷикистон қаблан ҳамчун узви собиқ Иттиҳоди Шўравӣ китобҳои дарсии фанҳои дақиқро барои мактабҳои миёна дар шакли тайёр мегирифт. Акнун ба шарофати истиқлол чопи чунин китобҳоро худ ба роҳ мондааст. Табиист, ки гузариш аз як китоб ба китоби дигар ба фаъолияти кори муаллим, хусусан, омўзгори математика таъсири манфӣ мерасонад. Ба муаллими ин фан чандин сол лозим аст, ки методикаи таълими китобҳои навро аз бар намояд.

Имрўз китобҳои таълимӣ аз фанҳои дақиқ, хусусан, аз фанни математика чӣ гуна навишта шаванд, то ки дар давраи инкишофи босуръати илму-техника омўзиши амиқи хонандагон мусоидат карда тавонанд.

 Омўзгорони калонсол дар хотир доранд, дар Шўравии собиқ аз солҳои 70-уми асри гузашта сар карда, қариб ҳар сол барои мактабҳо вариантҳои нави такмилшудаи барномаҳои таълимиро пешниҳод менамуданд. Вобаста ба ин, барои синфҳои 5-11 китобҳои таълимӣ ва доир ба ин китобҳо барои омўзгорон дастурҳои методӣ ва методикаи таълими ин китобҳоро низ чоп намуда, онҳоро аз рўйи ин китобҳо аз курсҳои махсуси такмили ихтисос мегузарониданд, ки ин ба онҳо, хусусан ба омўзгорони ҷавони ин фан ёрии методии хубе мерасонд. Дар ин муддат китобҳои таълимӣ барои ҳамаи синфҳо ду-себорӣ дар зери таҳрири олимони машҳури Шўравӣ, чун А. Н. Колмогоров, А. В. Погорелов, С. А. Теляковский, А. И. Маркушевич ва дигарон бо иштироки фаъолонаи гурўҳи бештари муаллифон чоп шуданд.

 Аз тарафи дигар, китоб на танҳо барои талаба навишта мешавад, балки он барои омўзгор ҳам дастури асосист. Донишро ба хонанда муаллим тавассути китоб медиҳад.

 Таҷрибаҳо нишон доданд, ки на ҳар шахс (новобаста аз доштани унвони баланди илмӣ) барои таълими фанҳои дақиқ, алалхусус, барои фанни математика, қобилияти навиштани китобҳои дарсиро дорад.

 Азбаски дарёфт намудани чунин ашхос ниҳоят душвор аст, коркунони ба ин масъала вобаста барои навиштани китобҳои таълимӣ бештар ба олимони номвари ин фан умед мебанданд. Онҳоро ба ин кор ҷалб намуда, аз онҳо ҳатман талаби дар муддати муайян навиштани чунин китобҳоро менамоянд. Аз иҷборан таъйин намудани чунин муаллифон китобҳое таълиф мешаванд, ки на талаби ҷомеаро қонеъ гардонида метавонанд, на талаби омўзгору шогирдро. Мо ин ҳолатро айнан дар китобҳои дарсии бо муаллифони худӣ нашршудаи ҳозира мушоҳида карда метавонем.

 Ба ин кори муҳим олимонеро, ки дар ҳақиқат, методикаи таълими ин фанро хуб медонанд, методистони ботаҷриба, муаллимони беҳтарини ҷумҳуриро бояд ҷалб намуд.

 Бояд хотиррасон кард, ки он китобҳои дарсии таълимии наве, ки аз назари чанд нафари начандон аз методикаи таълиму банёди фанҳо бохабар гузаштаанду дар мактабҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд, ҳеҷ гоҳ ба муваффақият ноил намешаванд. Он китобҳое ба мақсад мувофиқ дониста мешаванд, ки аз назари аксарият, аллахусус, омўзгорони варзидаи ин фан мегузоранд.

 Дар ҷумҳурӣ солҳои охир барои синфҳои I-XI китобҳои таълимии «Математика», «Алгебра» ва «Геометрия»-ро нашр намуда, ба истифода доданд. Оё ин китобҳои дарсӣ, ки дар ҳоли ҳозир хонандагон аз рўи онҳо таълим мегиранд, ҷавобгўи талаботи замонанд?

 Агар ба китобҳои таълимии ҳозира назар афканем, ба хулосае омадан мумкин аст, ки муаллифони ин китобҳо аз уҳдаи вазифаи худ ба таври бояду шояд набаромаданд. Аз як қатор камбудиҳои ҷиддие, ки дар ин китобҳо ҷой доранд, метавон ба хулосае расид, ки муаллифон аз масоили мубрам ва методикаи таълими фанни математика умуман огоҳ нестанд. Ин китобҳо, тасвири айниятии ба таври дағал ва ноқис инъикосшудаи «қолаб»-ҳои маъмулӣ мебошанд. «Муаллифон» дар асоси барномаҳои таълимӣ аз ин «қолаб» маводҳоро ҷамъоварӣ ва ё тарҷума намуда, фақат онро ба шакли китоб даровардаанд, вале дар тасвиркунии матлаб комёб нашудаанд. Ин китобҳо марбут ба назариёти муаллифони китобҳои дарсии куҳан буда, тарзи навишти онҳо ба ин «муаллифон» тааллуқ надорад. «Муаллифон» дар шарҳу тасвирҳо гуфторҳои бемавриди зиёдеро дохил намудаанд, ки онҳо азхуд намудани маводи таълимиро мураккаб гардонидаанд. Мавзуъҳои таълимие низ вомехўранд, ки барои хонанда асоснок баён нашудаанд, ё худ, онҳо барои омўзиши хонандагони синфи муоинашаванда тавсия нашудаанд. Ҳамчун далели ҳарфҳои боло ба таври намуна чанд мисол дар мақолаи нависандаи ин сатрҳо «Санги осиё вазнинӣ кунад, набардор!» («Минбари халқ», 13 январи соли 2021) нишон дода шудааст.

Аслан бояд бидуни баррасии ҳамаҷонибаи тарҳи нави китобҳои дарсии фанни риёзӣ аз ҷониби методистон ва омўзгорони пуртаҷрибаи ин фанни таълимӣ ба чопи чунин онҳо иҷозат дода нашавад.

 Яке аз сабабҳои дониши сусту сатҳӣ доштани хонандагон аз фанни риёзӣ маҳз ба таври шоиста навишта нашудани китобҳои дарсии «Математика»-и синфҳои ибтидоӣ, «Математика»-и синфҳои панҷ, шаш ва аз ҳама муҳим, фанни «Геометрия»-и синфҳои 7-11 мебошанд.

 Вобаста ба ин, вақтҳои охир мушкилоти омўзиши китобҳои дарсии фанҳои мазкур, номувофиқатии китобҳои дарсии фанни геометрия бо барномаҳои таълимӣ ва душворфаҳму забони хароб доштани онҳо дар байни омўзгорон баҳсу андешаҳоро ба миён овардааст.

 Масалан, китобҳои дарсии «Геометрия»-и ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ мавҷударо бо китоби «Геометрия, с. 7-11»-и А. В. Погорелов, ки мувофиқи он хонандагон то пошхўрии Шўравӣ таълим мегирифтанд, муқоиса кунем, ба хулосае меоем, ки китобҳои мо чандон арзиши китоби дарсӣ буданро надоранд. Қариб қисми зиёди аҳолии хозираи ҷумҳурӣ аз рўи китоби «Геометрия 7-11»-и А. В. Погорелов таълим гирифтаанд. Ҳоло низ китоби мазкур дар муассисаҳои таълимии Русия мавриди истифода қарор дорад.

 Умуман, дар китобҳои дарсии илмҳои дақиқи мо камбудиву нуқсонҳо зиёдиро ошкор намудан мумкин аст. Ҳарчанд перомуни баъзе аз онҳо дар матбуот сухан рафт, тартибдиҳандагони ин китобҳо ва шуъбаи таъбу нашри китобҳои дарсӣ ба хулосаи зарурӣ наомадаанд. Ҳатто ба эродҳои барҳақ баъзе аз муаллифон розӣ нашуда, боисрор худро ҳақ ҳисобидан мехоҳанд.

А. Шарифзода, муаллифи китобҳои дарсӣ аз фанҳои алгебраю математика аз зумраи ҳамин гуна ашхос аст.

Маълум, ки ў ба «бемории якравӣ» дучор шудааст ва ҳаргиз камбудиҳояшро ба гардан гирифтан намехоҳад ва илова бар ин, аз тақризнависон ранҷиданашро пинҳон намедорад.

 Бояд гуфт, ки дар бисёр мавридҳо ҳақ ба ҷониби тақризнависони ин китобҳои марбут ба фанҳои дақиқ аст. Онҳо дилсўзона андеша меронанд. Ҳалли мисолу масъалаҳои дар ин китобҳо овардашуда бояд дақиқ бошад. Лекин забони норавшани китобҳо ба ин мусоидат намекунад. Аз ин хотир, ҳеч кас ҳуқуқи рўйпўш кардани камбудиву нуқсонҳои ин китобҳоро надорад. Онҳоро ислоҳ бояд кард.

 Таҷрибаи бисёрсола моро ба он бовар кунонд, ки асоси омўзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла, математика вобаста ба он аст, ки хонанда ин фанни таълимиро дар синфҳои ибтидоӣ чӣ гуна омўхтааст. Дар мавриди аз худ накардани математикаи синфҳои ибтидоӣ, хонанда қобилияти аз худ намудани тамоми фанҳои дақиқро надорад. Чунки дар фанҳои дақиқ ҳар як мавзўи омўхташаванда ба мавзуъҳои пеш омўхташуда вобаста аст. Яъне, надонистани мавзуъҳои пеш омўхташуда боис ба он мешавад, ки мавзўи нав фаҳмида нашавад.

 Дар ин марҳала таъкид намудан бамаврид аст, ки омўхтани математика барои як қатор хонандагони синфҳои болоӣ аз он сабаб душвор аст, ки онҳо алифбои таълими фанҳои дақиқ, яъне барномаҳои таълимии математикаи синфҳои ибтидоӣ ва математикаи синфҳои 5 ва 6-ро ба таври зарурӣ аз худ накардаанд. Масалан, чӣ тавр ў аз дарсҳои математика, физика, ё худ химия пешрав шавад, дар сурате ки вай дуруст хонда ва маънии матни хондаашро фаҳмида наметавонад ва ҳамзамон, тарзи хаттии иҷрои амалҳои арифметикӣ: (масалан, тақсим ва ё зарби хаттии ададҳо)-ро намедонад. Тарзи хаттии иҷрои чунин амалҳоро ў мебоист дар синфҳои ибтидоӣ ёд мегирифт.

 Ҷиҳати аз ҳама асосие, ки ҳамаи омўзгорони фанҳои дақиқ ба он диққат кардаанду боиси ташвишашон гардидааст, дониши сусту сатҳӣ доштани як қатор хонандагони синфҳои болоӣ аст. Маълум, ки барои ба хонанда додани дониши мустаҳками математикӣ, пеш аз ҳама, ба ў ҳанўз дар синфҳои ибтидоӣ маҳорати омўхтанро бедор намудан лозим аст. Сайқал додани ин маҳоратро ў бояд ҳатман дар омўзиши математикаи синфҳои 5 ва 6 идома диҳад. Аз ин хотир, надонистан ва аз худ накардани барномаҳои таълимии математикаи синфҳои ибтидоӣ ва инчунин, математикаи синфҳои 5 ва 6 ин худ далели аз худ карда натавонистани барномаҳои таълимии фанҳои дақиқ мебошад. Ин ҳақиқати бебаҳс аст!

 Маълум, ки омўзгор ҳангоми омўзиши маводи таълимии омўхташаванда ба шогирди хеш ҳамон донишеро медиҳад, ки ў онро аз китоби дарсӣ гирифтааст. Вале аз он китобҳои дарсие, ки дар онҳо маводи таълимӣ бетаъсиру норавшан ва ноқис баён ёфта, асоси масъалаи муҳокимашавандаро дар бар намегиранд, омўзгор ба шогирди хеш гирифтани дониши заруриро талаб карда метавонад?

 Китобҳои таълимии математикаи синфҳои ибтидоӣ ва математикаи синфҳои 5 ва 6 бидуни санҷишҳои ибтидоии методӣ ба нашр пешниҳод шуда, сифати паст доранд. Ҳол он ки ин китобҳо бояд хеле дақиқ ва ба мақсад мувофиқ бошанд.

А. Шарифзода дар мақолаи «Эътироз аз инқироз аст» («Минбари халқ», 18. 09. 2018, №38) чунин навиштааст: «Шумо навиштаед: «Рўирост иқрор шавед, ки аз уҳдаи навиштани китобҳои дарсӣ намебароед. Солиёни дароз аст, ки китобҳои навишташуда аз санҷиши ҷиддии методӣ гузаштаанд ва гузашта истодаанд». Инро чӣ тавр фаҳмам? Боз ҳам мегўем, ки барои фанҳои дақиқ, навиштани китобҳои дарсӣ кори осон нест ва он ниҳоят душвор аст, новобаста аз доштани унвони баланди илмӣ, он на ба ҳар кас муяссар мешавад. Аз ин хотир, роҳи осон ва камзаҳматро барои навиштани китобҳои дарсӣ, ки он «асардуздист», қабул надорам ва ҳамчун «муаллиф» ба таври сунъӣ муаррифии номи хешро низ намеписандам ва намехоҳам хонандаро фиреб диҳам.

Аз тарафи дигар, шумо медонед, ки мутаассифона, аксаран ошкори камбудӣ ва норасоиҳои китобҳои мазкур масъулинро ба ташвиш намеоварад. Онҳо вазъи дохилии ин китобҳоро зери назар надоранд. Шумо аз ин суд мебаред ва аз ин изҳори ризоият намуда, онро «яроқи худ» медонед.

(Давом дорад)

 

Ҳоҷӣ Бобоев,

омўзгори математикаи МТМУ №14, шаҳри Ваҳдат,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш