Нашрияи Омӯзгор

Корномаи бузурги Пешво

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Дар ҷараёни таълиму тарбия тавассути дарсҳо ва машғулиятҳои дигар дар мактаб хонандагон ба маҷмўи донишҳо соҳиб мешаванд. Таълимгоҳ заминагузори тасаввуроту фаҳмишҳои шогирдон оид ба фанҳои муҳимтарин мебошад. Дар доираи таҳсилоти хонандагон мавзуъҳое ҳастанд, ки бояд дар сатҳи баланд, муассиру фарогир омўзонида шаванд ва ҳисси ватандўстию ифтихори миллии насли наврасро тақвият бахшанд. Ин мавзуъҳо, пеш аз ҳама, ҷанбаи ифтихорӣ доранд. Омўзиши ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони Тоҷикистон дар ин радиф ҷойгоҳи махсусеро ишғол менамояд. Ҳар омўзгор ва роҳбари синфро мебояд, ки дар давоми соли таҳсил вобаста ба мавзуи мазкур машғулиятҳои таълимию тарбиявӣ ва маҳфилҳои адабӣ баргузор намояд ва низ дар мавридҳои мувофиқ чанд лаҳзаи дарсашро бо хонандагон ба ин мавзуъ ихтисос бидиҳад. Дарси тарбиявие, ки ба зиндагӣ ва корномаи барҷастаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида мешавад, бояд дар сатҳи баланд, муассиру хотирмон бошад, ифтихорафзои шогирдон гардад. Хонандагон бояд амиқу дақиқ фаҳм намоянд, ки Пешвои миллат барои бахту саодати Ватани азиз ва халқи маҳбуби худ чӣ гуна ҷоннисориҳо кардаву ба чӣ пирўзиҳое шарафёб шудааст.

   Комёбиҳои кишвари мо таҳти роҳбарии Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, хушбахтона, хеле зиёданд ва тавсифу бозгўии онҳо ба таври муфассал вақти фаровонеро тақозо дорад. Аз ин рў, зимни дарси тарбиявӣ омўзгор бояд бар он кўшад, ки муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаёти Пешвои миллат ва барҷастатарин пирўзиҳои аҳли мамлакатро зери роҳбарии Сарвари бузурги хеш тавсиф бахшад. Ман дар дарсҳои тарбиявие, ки ба мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон - Қаҳрамони Тоҷикистон” бахшида шудаанд, асосан ба ҷанбаҳои зерини корномаи пуршарафу пурифтихори Президенти ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ намуда, онҳоро ба шогирдон шарҳ медиҳам.

-Ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва наҷоти давлатдории миллии тоҷикон дар марҳилаи хеле муҳимму пурфоҷеаи таърихӣ;

-ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлату кишвари комилҳуқуқу ягона ва дахлнопазир;

-барқарор намудани низом ва аркони давлатдорӣ бо риояи анъанаҳои миллӣ ва хостаҳои мардумӣ;

-дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва ба меҳвари давлатдорӣ қарор додани онҳо;

-таҳия, корбаст ва ба сатҳи баланд бардоштани сиёсати миллии тоҷикӣ, ҳамбаста ба орзую армонҳои мардумӣ;

-ба миён овардани мактаби махсус ва тозаэҷоди давлатдорӣ ва тақвиятбахшии асосҳову аҳдофи он;

-ташаккули зерсохтори ҳаётии сулҳу ваҳдат ва осоиштагӣ дар заминаи комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ;

-наҷоти ҷумҳурӣ аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва гузоштани заминаи қавӣ барои рушди устувору бомаром;

-эҳёи миллии тоҷикон ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ;

-таъмини обрўву шарафу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақили мардуми сулҳофару тамаддунпарвар...

Дар шарҳу тафсири ҳама нукоти боло метавон аз далелу арқом ва ҳикоёту мақолот, пораҳои назмию насрӣ, намоишҳои видеоӣ, суратномаҳо ва амсоли инҳо фаровон истифода кард, ки ин ҳама ба бештар муассиру ҳадафгир ва самаровар гардидани машғулиятҳо бо шогирдон мусоидат менамоянд. Ҳамин нуктаро махсус зикр бояд кард, ки огоҳии ҳар чи бештар аз корномаи бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қалби поку мубаррои шогирдони моро саршор аз ҳисси ифтихору эҳтиром ва ватандўстию миллатпарастӣ менамояд.

Сабоҳат Одинаева,

ҷонишини директори мактаб-интернати миёнаи махсуси

санъати ба номи М. Атоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш