Нашрияи Омӯзгор

Омўзгор, забон ва истиқлол

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

4-уми октябри соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рўзи омўзгор ва Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Мақоми забон ва омўзгор дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар он муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Ғанизода,  кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  устодону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

 Дар оғоз муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ суханронӣ намуда, омўзгорону аҳли нишастро аз номи раиси ҲХДТ бо санаҳои таърихӣ –Рўзи омўзгорон ва Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, ҳамчунин, иброз дошт, ки касби омўзгорӣ аз бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас, ки ояндасози миллатанд, талаб менамояд.

Раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Муҳаммадҷонзода дар идома қайд намуд, ки рўзгори файзбори истиқлол, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем.

Сипас, М.Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Арзишҳои миллию фарҳангӣ дар замони истиқлол” ва Обидҷон Маҳмудзода-сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Омўзгор - чароғафрўзи роҳи фардо” суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, ба як қатор иштирокчиёни конференсия “Ифтихорнома”-и Раиси ҲХДТ Тоҷикистон, нишонҳои “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон” ва дигар туҳфаҳо тақдим гардид.

Дар фарҷом барои иштирокчиёни конференсия аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

 

Зайнаб Ҳусейнова,

Бахтовар Сафаров,

кормандони Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш