Мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди таэквондо WT «Shymkent Cup» дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз 5 то 10 сентябри соли ҷорӣ байни кўдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид, ки дар он 795 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ширкат намуданд. Дар ин мусобиқа 24 варзишгар аз кишвари мо ширкат дошта, сазовори як медали тилло, як нуқра ва чор биринҷӣ гардиданд.
Дастпарвари Маркази тайёрии олимпии ВМКБ Рўҳангез Аҳмадова дар вазни 29 кг ба ҳамаи ҳарифони худ ғолиб баромада, сазовори ҷойи аввал гардид.
Ба ифтихори пирўзии Рўҳангез Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуд ва Суруди миллӣ садо дод.
Ҷ.Қозибеков,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр