Нашрияи Омӯзгор

Таълимгоҳи нав дар Ховалинг

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди Тутаки ноҳияи Ховалинг Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021, ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.

Бинои таълимӣ аз 11 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омўзгорон иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Масоҳати умумии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар деҳоти Тутаки ноҳияи Ховалинг беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Худи бинои таълимии ду ошёна иборат аз синфхонаҳои биология, математика, физика, химия ва дигар иншооти ёрирасон, дар масоҳати 1 гектару 27 садяк замин бунёд гардидааст.

Дар муассисаи тозабунёд 28 омўзгори ботаҷрибаи соҳавӣ ба хонандагон дарс мегўянд.

Раванди таълим дар мактаб бо 3 забон, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар назди муассисаи нави таълимӣ 2 майдончаи бозии футбол, волейбол сохта шуда, дигар шароити ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш муҳайё мебошад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи боз як бинои нави иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 шинос гардиданд.

Бинои нави иншооти соҳаи маориф дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар масоҳати 1 гектару 27 садяк замин сохта мешавад.

Бинои бунёдшаванда 2 - ошёна буда, барои 1 ҳазору 500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави муассисаи мазкур Пешвои муаззами миллат ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои бунёдӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароити донишомўзӣ ба насли ояндасози миллат дастуру маслиҳатҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки насли наврас бояд аз имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода баранд, донишҳои муосирро аз худ намоянд ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.   

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш