Нашрияи Омӯзгор

Имконият барои худшиносии донишҷўён

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгороди ба номи Н.А.Добролюбов модели байналмилалии СҲШ – бозии интерактивии таълимӣ барои донишҷўён гузаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки Модели СҲШ аввалин озмоиш дар баргузории чунин чорабиниҳо тариқи формати онлайнӣ аст, ки барои худшиносии донишҷўён имкониятҳои нав фароҳам меорад ва ба ташаккули платформаи махсуси ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.

Дар чаҳорчўбаи Модели СҲШ коршиносони даъватшуда – роҳбари    намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон И.С.Иванов, муовини директори Маркази дўстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Ш.М. Раҷабова, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Е. Комилбеков, муовини сардори раёсати омўзиши проблемаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон К.Хидоятзода, директори эҷодии Платформаи ҷавонон барои кишварҳо SCOLAҚ Nўtwoқk А. Ҷолобова оид ба фаъолияти СҲШ ва хусусиятҳои гузаронидани чунин бозиҳои моделиронӣ сухан ронданд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш