Нашрияи Омӯзгор

Ёде аз тоҷикшиноси номвар

Сана: 2021-10-07        Дида шуд: 858        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи гирди умумидонишгоҳии илмию назариявӣ дар мавзуи «Ҷараёни тадқиқ ва пажўҳиши масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷик ва таърихи тоҷикони ҷаҳон: пешомадҳо ва мушкилот» баргузор гардид, ки дар он олимону пажўҳишгарон, устодону донишҷўён ва доираи васеи рўзноманигорон иштирок доштанд. Ҳамоиши мазкур ба хотири гиромидошти ёди таърихшиноси номвар, равоншод Мансур Бобохонов, ки 16 сол роҳбарии факултети таърихи донишгоҳро ба уҳда дошт, бахшида шуда буд.

Ҷаласаро декани факултети таърих, доктори илмҳои таърих, профессор Раҳмоналӣ Шарифов ифтитоҳ бахшид. Сипас, сардори раёсати илми донишгоҳ Рустам Наботӣ, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҷонибек Асрориён, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшоев, ходими намоёни давлатӣ, сиёсатмадор Рашид Олимов дар бораи фаъолияти пурбори муҳаққиқи барҷаста суҳбат карданд.

Баъдан маърўзаҳои профессор Ниёз Мирзоев дар мавзуи «Нахустин поягузори факултети таърихи донишгоҳҳои давлатии Тоҷикистон», номзади илмҳои таърих Нозим Ҳакимов дар мавзуи «Тақдири назарияи дўстии интенатсионалистии халқҳо дар эҷодиёти профессор Мансур Бобохонов», номзади илмҳои таърих Сабзаалӣ Асоев таҳти унвони «Инъикоси зиндагиномаи профессор Мансур Бобохонов дар барномаи «Чароғи дил»-и Радиои Тоҷикистон» ва дигарон шунида шуд. 

Дар нишаст, ҳамчунин, фарзандону пайвандон ва дўстону шогирдони тоҷикшиноси маъруф сухан карданд.

 

Дилафрўз Қурбонӣ,

«Омўзгор»  

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш