28-29-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид, ки дар он олимону устодон ва омўзгорон аз дохил ва хориҷи кишвар ширкат варзиданд.
Сараввал устодону донишҷўёни факултети филологияи донишгоҳ ба зиёрати оромгоҳи устод Сотим Улуғзода ба қабристони Лучоб ташриф оварданд. Устодони факултет Муртазо Зайниддинзода ва Аламхон Кўчарзода дар бораи фаъолияти эҷодии устод С.Улуғзода ва аҳамияти асарҳои адиб дар адабиёти тоҷик андешаҳои худро иброз доштанд. Баъдан меҳмонону устодон ба шаҳраки донишҷўёни донишгоҳ омада, аз Осорхонаи Пешвои миллат дар донишгоҳ ва Ганҷинаи ба номи профессор Ш. Ҳусейнзода дидан карданд.
Сипас, дар бинои асосии донишгоҳ бахши расмии конференсия оғоз ёфт. Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ бахшид. Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, адибони номвари кишвар Абдулҳамид Самадов ва Ато Мирхоҷа дар бораи шахсияти Сотим Улуғзода ва нақши асарҳои ў дар рушди адабу фарҳанги миллӣ ибрози назар карданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конфронс маърўзаҳои мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ дар мавзуи «Пайвандҳои ҷуғрофиёву миллии осор ва андешаи Сотим Улуғзода», муҳаққиқ, устоди Донишгоҳи Ослои Норвегия Фарида Аҳмадӣ дар мавзуи «Баррасии осори Сотим Улуғзода аз дидгоҳи инсоншиносӣ» ва профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Аъзам Худойдодов таҳти унвони «Муносибати эҷодии Сотим Улуғзода бо Аҳмади Дониш» шунида шуд.
Дар фарҷоми қисмати расмии ҳамоиш барномаи рангини фарҳангии ансамбли «Наврўз»-и донишгоҳ пешниҳод гардид, ки ба ҳамагон писанд омад.
Бояд зикр кард, ки конфронс дар бахши адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ кори худро 2 рўз идома дод, ки дар он олимону пажўҳишгарон маърўзаҳои пурмуҳтавои худро ба иштирокдорон ироа намуданд.
Дилафрўз Қурбонӣ,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр